Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Аммо ҳоло писарро дўст дошт ва зиёдтар ҳавас кард модарашро. Беқарор баргашт ба толоре, ки истода буд Барзин.
Ўро пайдо накарда, каме дигаргун шуд тарҳу ваҷоҳати рўяш ва рў ба писар овард:
— Куҷо шуд модар?
Ва Геракл даст рост кард ба дари шабистони падар. Искандар як завқ бурд ва зуд шоҳии хешро ёд оварда ҷиддирўй гашт ва пеш рафта писарро фармуд, то дари шабистонро кушояд. Кўдак тела дод дарро, кушода нашуд. Ва мадад кард шоҳ. Ва баробари кушода шудани дар шоҳзода хушнудӣ карда дастон ба ҳам зад.
Барзин гўйӣ чизе надонад хешро ба хоб зада, нигарони сухан ё амали шоҳ бувад. Барзини нозанин, ки бартарии ҳусну малоҳаташро аз гетерҳо Искандар медонаду намегўяд, хуфта дар ҳарири чинӣ ва танаш тобанда гандумранг, зулфони сиёҳаш парешон рўйи бистар ва рўкаши сапеди шоҳӣ ҷангида бо гесўи қиргунаш.
Ҳавасангез. Ба хурўш оварад хуни шоҳро. Ў андаке бар рўйи парӣ хам хўрда чўҷаи париро аз тори зан ба паҳлўи чапаш гузошт ва худ андар паҳлўи рости малика дароз ёзид. Ва гўйӣ шоҳзан, ки бори нахуст хешро дар чунин мақом дарёфта буд, ноз дошт.
Нози пинҳонӣ, ки танҳо худаш медонист. Геракл баробари ба паҳлўи модар ғелиданаш майли хестан кард ва часпида, аз болои модар гузашта, падарро савор шуданӣ буд. Дар чунин ҳолат ҳам Барзин наҷунбид.
— Хобӣ?
Посух надод зан шўро. Ва Искандар ба баҳонаи писарро боз ба паҳлўи чап гузоштан ғел гашт ва пойи рост бор кард бар зан.
Барзин гўё хоб медида бошад, хамёза кашид ва сахт оғўш кард шоҳро. Ва шоҳзода чанд бор кўшиши ба тори онҳо баромадан карда пас мелағзид ва гоҳе ки Искандар аз ҳаракат монд, кўдак баромад ба тахтапушти падар ва савор гашта нағма мекард, ки низ ҷунбад.
«Дар дунё хубтар аз ту кас нашавад, Искандар.» Дастонашро ба ду тараф кушода гуфт Барзин ва хомўш монд, то чӣ ояд аз шоҳ. Ў хомўш буд ва диққат медод, то писар наафтад аз боло. Ва яқин карда, ки модар дар чунин ҳолат фаромўш карда Гераклро ва ҳушу ёдаш шў ва оғўши ўст. Ва дер хомўш монд, ки оқибат Искандар чизе бояд гўяд. Аммо садое намеомад ва ҳазломез тамоми вазнашро андохта буд бар зан, чунон ки хобаш бурда бошад.
Вазни писар сарборӣ. Барзин эҳсос мекунад, ки шў аз дилу ҷон ҷой гирифта бар тахти умр.
«Дар дунё бадтар аз ту кас нашавад, Искандар.» Ва Искандарро аҷаб омад, ки чӣ маънӣ дорад гуфтаҳои ў. Зеро медонад, ки беҳуда нагўяд зан ва зери ҳарфаш ҳатман чизе бояд бошад. Аз ин рў хомўш истодан ба суди кор набувад. «Хуб»-у «бад» гуфтани Барзин дар як ҳолат тафсир хоҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо