Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ту булаҷабӣ, Барзин...
— Медонам. Туро, ки аввалин бор баҳо мегўям, бояд чунин намоям.
— Дар як он, дар як ҳолат ду фард тофтани як тан аҷиб бошад.
— Чӣ гуна дар як он? Ман ки туро соли чаҳорум аст медонам.
Ва ин хулосаро дар як лаҳза набаровардаам.
— Пас чӣ гуна бувад?
— Агар ба дил нагирӣ, гўям.
— Бигўй.
— Гоҳе ки бо манӣ, хубӣ...
— Гоҳе ки бе туам, бадам?
— На...
— Гоҳе ки менўшам, бадам...
— На.
— Гоҳе ки гетерҳоро майл мекунам...
— На.
— Гоҳе ки туро сахт меоям...
— На.
— Гоҳе ки таънаат мезанам...
— На.
— Гоҳе ки Гераклро ёд намекунам...
— На.
— Боз чӣ монд? Ба назарам дигар коре накардаам, ки боиси маломат ё бадномӣ бошад.
— Ҳаст. Вале ту онро аз ҳама боло медонӣ ва касб пиндорӣ.
— Касб?
— Оре, касб... ки ҳеҷ касро касб набошад. Кори шайтонист.
— Дарёфтам... Ҷангро гўйӣ...
Ва Барзин посух надод, то чӣ афзояд шоҳ. Ў низ дергоҳ хомўш монд ва писарро ҳам фаромўш карда, паҳлў гашт ва Геракл ба тарафи рост парида, ғелида ба девор бархўрд.
Барзин ҷаста аз болои шў гузашт ва Геракли гирёнро бардошта, гуфт:
— Ба ман нафорад роҳату фароғат. Худо маро барои ғам офарида.
— Ҳамин чизро иқрор кардан ҳам бузургист...
— Дуруст. Лекин мо куҷову бузургӣ куҷо?
— Ман намефаҳмам, аз куҷо ба сари ту чунин хаёлҳо меояд?
— Ба сари ман хаёле наояд... Балки намояд... Ту донӣ, ки аз куҷо...
— Оре, донам аз куҷо... Низ донам, ки ҳазар аз зан.
Барзин дарёфт нияти ўро: гумонаш, ки зан ҳамроҳ бувад ба кирдори душманони худӣ, аз ин рў сирру савдоро донад. Зан тезонд андешаи ўро:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо