Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Дуруст дарк кардӣ, Искандар. Ба коре ки зан ҳамроҳ шуд, некӣ назояд он кор. Мисолаш куштори падарат...
— Ин мисол бувад ё таъна?
— Таъна набувад, Искандар. Ту бояд дарк карда бошӣ, ки ман ҳеҷ гоҳ туро таъна ва ё киноя нагўям. Хоҳ хуш пазирӣ, хоҳ бад, бояд ҳақиқати ҳолро гўям. Зеро донам, ки дигарон чунин гуфта натавонанд. Агар гўянд, ё бо хушомад гўянд ё бо хусумат.
Искандар хешро чун шоҳ, чун лашкаркаш, чун донишманд шиносад, аммо он кӣ андаруни ўст ва ўро чун шайтон бероҳа кунад, нашиносад.
Искандар хандид ва пешонии ўро дошта таҳқиромез пурсид:
— Ҷо ба ҷост?
— Оре, ҷо ба ҷост, Искандар.
— На. Он чунон ки туро гумон карда будам, набошад. Рўзафзун шиносамат.
— Чӣ гуна?
— Ту низ аз қабили занҳое ҳастӣ, ки ба куштани шоҳон роҳ намуда тавонанд.
Хомўш монд Барзин ва дар дил тасдиқ кард, ки гуфтан беҳуда бувад, ҳар чӣ ў хоҳад, он шавад.
— Искандар. Ман донам, ки ҳар чӣ шоҳ андешад ва хоҳад, он шавад. Вале бидон, ки бо чунин андешаат дар ҳаққи ман хато кунӣ.
— На. Ман хато нагўям, дуруст гўям... Ва гўям, ки туро пештар бояд кушт.
— Куштани ман мушкилоте надорад, Искандар. Биниамро дорӣ, ҷонам барояд. Ва ин корро ту метавонӣ ҳар гоҳ бикунӣ.
Ва агар гумонат аз ман чунин аст, худам метавонам ин корро бикунам.
— Чун?
— Ё дашна ба хеш занам ё сари хеш ба дор кашам. Вале донам, ки аз мурдани ман туро суде нарасад. Баракс осеб хоҳӣ дид.
Зеро ягон раммол, пешгўй ё фолзан рости ростро нагўяд ба ту чунон ки ман.
— Ва боиси ифтихорат ин аст?
— На. Маро ифтихор зарурате надорад. Ман аз ту шукргузор ҳастам. Ту он гоҳ – замоне ки маро пайдо кардӣ, метавонистӣ бикушӣ, метавонистӣ бифурўшӣ ва ё ба ягон душманат бидиҳӣ; чунон ки бо бисёриҳо кардӣ. Вале маро бо худ гирифтӣ. Аз мо писар рўйид... боиси ифтихори ман ин аст. – Гераклро ба банди дил пахш карда гуфт модар.
— Мапиндор, ки дер шудааст. На. Ҳолиё ман метавонам ин корро бикунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо