Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— На, Искандар. Дер шуд. Ту он гоҳ савори асби ғазаб будӣ ва ман бароят зани душман ном доштам. Ба сарат ҳар андешае ояд, он мешуд. Ту донӣ онро, ки чӣ буд дар сарат… Ман надонам, ки чӣ буд.
— Ту бояд донӣ, ки чӣ буд, Барзин.
— Агар гўям, ки зан лозим буд, ҳама канизакон, ҳама гетерҳо, ҳама асираҳо аз они ту буданд; беҳтар, хубрўйтар, барнотар...
Агар гўям, ки ҳавасат омад, кайҳо бояд пир мешуд ҳавасат... Пас чист?
— Ту донӣ, ки чист...
— Ту пайрави Фалотун, шогирди Арасту, пури Файлақусу Олимпиада, шояд зарае пай бурда бошӣ, ки ман чӣ зане ҳастам; бароят чӣ гузаштҳо мекунам; хешро нисори қадамат кардаам, оё ҳаммонандашро дучор ойӣ ё на?
Искандар мот гашт ва нарм шуд. Фаромўш кард ҳама чизро ва надонист чӣ гўяд ба зан. Зеро дақиқ нашуда буд чист он ки пайвандад ононро. Ҳама суханони Барзин дуруст буданд, ки Искандар болотар ва бузургтар аз ҳама гуна гуфтаҳову бофтаҳо дар назари ўст. Нигарист ба зан, ки писарро ба банди дил пахш карда ҷой андар буни девор гирифта буд. Ҳарири танаш аз пўсти офтобхўрда ва дар гармои роҳ пухтааш фарқе намекард. Зону зад пеши ў. Ҳама чизро фаромўш кард. Сар ниҳод ба зонўи таранги ў. Барзин аввал бепарво менамуд. Баъд Гераклро нишонд бар ў ва худ хилол кард бо ангуштон мўйи зиреҳу фатилаи ўро. Искандар осуда гашт ва хоб бурдаш. Геракл низ аз хомўшиву оромии хона пинак мерафт ва Барзинро бор гарон бошад ҳам такя ба девор карда вазни ононро мебардошт.
«Раммол чӣ гуфт?» муддате ки Искандар сар бар зонуи ў ниҳода хуспид, Барзин ин чизро андешид, ки Аристандри Талмосӣ чӣ гуфта бошад ўро. Мепурсиду аз худ посухи таваккалӣ меандешид аз номи шоҳ, ки шояд чунин гўяд. Ва умедаш бар он буд, ки раммол зиёдтар аз ў нагўяд. Зеро ҳама чиз Барзинро аёнтар буд; ҳам дар фолу ҳам дар рўзгор. Аммо шоҳ мекаловад дар бовар кардан.
— Раммол чӣ гуфт?
Ин пурси дигар буд: Искандар бедор гашта аз зери манаҳи ў меҳрубонона менигарист ва медонист, ки гоҳи хобиданаш зани меҳрубон мўйи сари ўро бо ангуштон хилол мекард. Хеле форам мерасид ангуштонаш, ки ками дар кам рух дода, ки чизе ўро форад ва ё хуш ояд.
— Он чӣ ту гуфтӣ, Барзин. – Баъди нигоҳи дуру дароз фармуд Искандар ва занро хуш омад, ки хеле навозишкорона номи ўро ба забон гирифт.
— Рост бигўй, Искандар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо