Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Рост гўям. Камтар аз ту гуфт ва номи касеро ба забон наовард.
— Ман хоҳам гуфт он номҳоро... Оина менамояд, ман мегўям... Гўям?
— Бигўй.
— Лимн, Никомах, Аминта бо...
— Аминта?! – тааҷҷуб карда сар бардошт Искандар ва рост ба чашмони ў нигарист.
— Бале! Аминта бо бародаронаш. – бовар накардани шоҳро дониста, такрор кард Барзин.
— Дуруст бисанҷ. Бо қисмат бозӣ карда нашавад. Ба ту гуфта будам хобамро: Мўрон – пиёдагон, замбўрон – саворон. Пешгўйии Аристандр низ ба он рўбоҳи зард дуруст меояд.
— Яъне...
— Яъне, Лимн. Вале ба Аминта бовар надорам. Ҳарчанд мўрон ҳастанд, шояд ғайри ў бошад. Хавфу бими ман бештар ба Файлотус ва бародари ў Никонор бувад, ки сабаб дорад. Қасоси падарро бояд биситонанд. Вале аз рўйи фоли шумо онҳо беташвиш ва бетараф тобанд.
— Алҳол чунин...
— Алҳол чунин... Метавонад вазъ дигар шавад. Ҳамин тавр?
— Бале, шоҳ, вазъият метавонад ҳар лаҳза дигар шавад. Дўстон метавонанд душман гарданд.
— Ту чун файласуфон сухан гўйӣ, Барзин. Вале ман ба фикри ту, ки Файлотус ва бародари ў бетараф мегўйӣ, бовар намекунам.
Ба назари ман онҳо ташнаанд ба хуни шоҳ.
— Шояд ягон шоҳи дигар бошад, Искандар, аммо на ба хуни ту.
— Ба назари ман, онҳо созанд ин дасисаҳоро.
— На. Онҳо тарсанд. Чунон ки арз кардам, Файлотус андеша дорад, ки ҳар балое хезад, шоҳ аз ў донад. Аз ин рў ниҳоят эҳтиёт кунад. Бавижа Никонор ба чизе кор надорад. Ҳар чӣ ҳаст, рўйи об барояд.
— Фолбинҳо, раммолон низ хато кунанд?
— Оре. Онҳо Худо нестанд. Онҳо ҳар тоифаанд: баъзе бо оина бинанд. Бархе «одам» доранд; гурўҳе хоб бинанд; ва ангуштшумор касонро аз ғайб хабар расад.
— Ту аз кадом гурўҳӣ?
— Маро намояд.
— Агар нанамояд, чизе гуфта натавонӣ?
— Оре. Ин чизест, ки ба хаёлу тахмин дарёфта нашавад. Кам рўй диҳад, ки ба гумону занн шудаҳоро дарёбанд, аммо он пешгўйӣ набувад.
— Ту олиму оқилӣ, аммо мактабе нест, ки кўдаконро дарс гўйӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо