Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Чун баргардем, мактабе хоҳӣ сохт. Он гоҳ ман устоди Геракл шавам.
— Оре-оре! Вале куҷост он оинаи шашҷиҳати арастуйӣ, ки намояд ҳама ҳодисотро!
— Магар боз хоҳӣ донистан?
— Хоҳам... Вале шумо маро қонеъ нагардонед. Ман хоҳам, ки ҳамаро яқин ва рост ва дуруст гўед. Аммо шумо тахмин мекунед.
Шояду боядатон фузун бувад.
Барзин омўхта буд хислатҳои Искандарро ва медонист, ки ў дар рўзгор аз чизе қонеъ набошад: на аз ҷанг, на аз айш, на аз зан, на аз зар, на аз сафар, на аз куштан, на аз сўхтан, на аз бурдан... Вагарна ў бояд кайҳо вогашта буд ва аз пайи ободонии Мақдуниё шуда буд. «Обод кунам, шуморо бахт орам, шуморо сер гардонам, шуморо озодӣ бахшам... шуморо аз дараҷаи ҳайвонӣ то дараҷаи одамӣ хоҳам расонд...» шиори ҳама шоҳон будааст.
Вагарна ҳайвонҳо озоданд ва мардумон банда. Ва чӣ гуна тавонӣ, касро аз дараҷаи ҳайвонӣ ба дараҷаи одамӣ расонд? Пас бандатар, бардатар аз он гардӣ, ки ҳастӣ... Оре, нашавад қонеъ гардонидан шоҳ Искандарро... Моҳии уқёнус бузургтар бувад аз моҳии дарё.»
— ... Воқеан ҳама душманӣ доранд бо ман?
— На ҳама... Душманӣ набошад. Тарс бошад. Бисёриҳо тарсанд. Вагарна чиҳое ки шавад.
— Магар ман то чунин андоза зишт ва девсурат бошам, ки тарсанд аз ман.
— Ман нагуфтаам, ки аз ҳайат ё суратат тарсанд. Аз сиёсатат тарсанд. Аз ҳастиат тарсанд. Аз номат; овозаат… Аз бисёр чизҳои дигар, ки ҳатто фаҳмида нашавад чист.
— Яъне будани ман барои дигарон тарс аст?
— Хуб бувад, агар мо баҳс накунем. Зеро баҳс бало зояд..
— На. Ту ваъда додӣ маро, ки ҳақро гўйӣ. Чунин набуд?
— Чунин буд.
— Пас бояд ошкоро бигўйӣ, то ман донам, ки...
— Гуфтан имкон надорад, Искандар...
— Чаро?
— Пас ту бишўрӣ ва ситезӣ... ҳамаро нобуд созӣ, танҳо бимонӣ.
— Ту гуфтӣ: «ҳамаро», Барзин... Чӣ гуна ҳамаро? – ба хаёл рафт ва бархост. Гом зад рўйи хона ва гўё ки чизе нашуда бошад, бо садои паст гуфт: — Шароби талх мехоҳам.
Барзин донист, ки таъсир карда суханҳо ва ў маст шуда, шўриданист. Зеро корҳое ҳастанд, ки Искандар дар ҳушёрӣ натавонад кардан.
— Шароби талх мехоҳам!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо