Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Геракл бедор шуд аз садои ў. Ва ҳайрон монд. Ё чизеро дарку эҳсос намекард ва ё аз садо тарсида карахт шуда буд. Миҷа таҳ накарда, аз зери манаҳи модар нигарон буд хомўш. Барзин яқин кард, ки писараш тарсида, оҳиста пахш кард ба банди дил. Ва якбора фарёд зад кўдак, ки зарфи нозуке шикаста бошад.
— Нофор!
Садо дардод Искандар ва зан донист, ки суханҳо кора доранд шоҳро. Оҳиста бархост, то берун равад. Вале овози навбатии шоҳ боздошташ:
— Ту чӣ фикр дорӣ?
Барзин бозистод ва китф дар ҳам кашид: «Нафаҳмидам.»
— Ман чӣ гуна касам?
— Шоҳ. Шоҳи мақдунӣ, шоҳи...
— На. Хуб ё бад?
Барзин хеле ҳайрон монд, ва гуфт:
— Бо бадон – бад, бо некон – накў.
Шоҳ пеш омад ва писарро аз дасти модар гирифта, на ба зан, балки ба кўдак нигоҳ карда гуфт:
— Чунин бояд буд... Ман зид ҳастам, ки ба як рўят зананд, рўйи дигаратро низ дор, ки зананд, мегўяд. Задаро бояд бизад.
— Ту бузургтарин инсони ин қарн бояд бимонӣ.
Искандари хашмӣ ва андешаманд сахт хандид:
— Дар ҷое ки Афлотун бувад, Арасту бошад?
— Ҳар кас ба ҷойи худ, Искандар.
— Ин ҳарф дигар аст. Аз ин чиз бояд сар мекардӣ...
— Саҳеҳ. Онҳо барои олам хидмат кунанд. Ту ба хотири оламу Мақдуниё. Ҳеҷ фарзанде чу Искандар ватани хешро дўст надорад ва барои он чунин ҷоннисорӣ накунад. Мапиндор, ки мардум намефаҳманд. Мефаҳманд, вале дар ягон замон доди онҳо ба гўши додгустарон нарасад.
— Ту бузургтарин зани ин қарн ҳастӣ, Барзин.
Барзин низ хандид баландтар аз Искандар ва фармуд:
— Ҳатто бузургтар аз Олимпиада?
— Олимпиада ба ҷойи худ...
Чунин баромад, ки як навъ посухи ситезаомез шуд. Барзин пай бурд онро ва неш зад:
— Масхара мекунӣ... Вақте ки зани қонунии шоҳ наям, чӣ гуна метавонам бузургтарин зани аср шавам?
— Магар эътибору шукўҳи заношўйӣ дар қонунияти он аст?
— Ба назарам ин ҳарф туро шинос аст ва лаззати онро чашида будӣ. Ҳарфи тағои зани қонунии падарат Аттали сипаҳсолор дар ёдат ҳаст. Магар чашми ту аз он лаҳза ба олам кушода нашуд?
— Ин чист? Таъна? Андарз ё огоҳӣ?
— Ҳеҷ яке. Ҳамин қадар, ки Аттал кўшиш мекард, то падари ту Клеопатрро ба никоҳи қонунии хеш дароварад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо