Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ва донистӣ, ки чандон эътиборе надоштааст он ҳама расмиятҳо? Дар ҳар замон ва барои ҳар кас дилу ният қонун бувад.
Ҳазор расмият натавонад чун хости дил бошад.
— Чӣ хел фаҳмам? Яъне Геракл писари қонунии шоҳ Искандар?
— Магар на?... Магар на? Ин корро мо дар Мақдуниё ба расмият хоҳем даровард. Дар назди модарам Олимпиада...
Барзин хомўш бимонд. Сар такон дод. Искандар тааҷҷуб кард:
— На? Писанд наомад? Ту хоҳӣ, ҳолиё ин кор иҷро гардад?..
Шитобзада намойӣ, гўё ман аз ту гурезам. Шуморо гузошта ба ҷойи дигар равам. На! Ҳар ҷо равам, бо худ барам.
Геракл дастон кушода ҷониби падар чўҷавор бол зад, то гирадаш.
— Чаро касе ба садои шоҳ посух нагўяд?
— Садо паст аст, Искандар.
— Магар ман баланд садо накардам? Пас бишнав: «Шароби талх мехоҳам!!!»
Ва ба дар ҳозир шуданд пардадорон, вале ҷуръати даромадан накарда, паси дар истоданд. Садои баланди шоҳро шунида, нафаре аз онҳо дарро кўфт. Садо омад: Филипп ё Димитриусро бигўед шароби талх биоварад!»
Онҳо муродро дониста, рафтанд ва Барзин фармуд:
— Зарур аст, ки бинўшӣ?
— Агар нанўшам, баъзе корҳоро карда натавонам.
Барзин зиёд гуфтанӣ буд. Чун дар ин ҳарфи шоҳ ҳама чиз ҷамъбаст мешуд, суханро ғоз надода, ба фикр рафт: «Шояд камоли камтаҷрибагӣ ва ё ҷавонӣ бошад, ки чунин мегўяд.»
— Ту нанўшӣ, ба қадри он нарасӣ... Ман мехоҳам ту низ бинўшӣ...
— Ташаккур... Шояд рўзе расад, ки ман ҳам барои бахту саодат ва хушрўзиҳо бинўшам...
— Магар ту худро хушбахт намешуморӣ?
— Мешуморам. Аз он ки зани шоҳи Мақдуниё ҳастам, худро хушбахт медонам. Вале аз он ки он рўзи ман фаро нарасидааст, нахоҳам нўшид.
— Он рўз кадом рўз бошад?
— Рўзе ки шоҳ Искандарро андар Мақдуниё бинам.
— Боз омадӣ ба сари чунин масъала... Ку шароби талх?!
Ва ҳакимон – Димитриусу Филипп шароби талхи юнонӣ оварданд андар кўзаҳо ва чошнӣ карданду бирафтанд, то шоҳ бовар кунад, ки бодаи ноб аст. Барзин низ писарро гирифта бурданӣ буд ба хонаи дигар, аммо Искандар нагузошт. Ду қадаҳро моломол кард аз шароб ва ҳарфе нагуфта, якеро ёзид сўйи Барзин.
— Ман гуфтам, ки нахўрам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо