Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Гераклро бидеҳ.
— Низ нахўрад.
— Агар пури ман аст, бояд бихўрад.
— Искандар, ҳоло ки ўро гулахўр накардаам, танҳо шири модар хўрад, чӣ гуна шароб хўрад?
— Шароб низ мисли шир аст, бояд бихўрад.
— На. Ягон ғизо баробар нашавад ба шири модар. Дигар ин ки шоҳ шароби талхи мардафкан фармуд ва тифл натавонад тоб овардан...
— Агар пури Искандар аст, бояд бихўрад!
Як навъ ҳукм буд ва модар намедонист чӣ кор кунад. Писарро сахттар ба банди дил пахш карда, бадар рафтанӣ шуд. Шоҳ боздошт ва қадаҳро ба лаби тифл овард. Бўйи тезу барои кўдак ногувораш сахт расид ба машоми ў ва Геракл зуд якрўя гашта ба модар часпид маймунвор ва баъд баргашта теғдор нигарист ба падар ва боз рўй тофт. Искандар бори дигар ҷом бар лаби писар бурданӣ шуд ва Геракл якбора даст зад ва ҷом бипарид аз дасти ў. Падар кўшиши доштан кард, натавонист. Ҷом бархўрд ба фарш рўйи қолии эронӣ, нашикаст.
— Ғазабат ба ғазаби ҷадди бузургат Геракл монад. Шароб нахостанат ба модарат монад. Куҷоят ба падар монад? Надонистам... Ва ту, Барзин, бо ман баробар нашав.
— Баробар шуданӣ ҳам нестам...
— Ту бояд дурусттар андешӣ ва донӣ, ки ман кӣ ҳастам...
— Инро ҳама – аз Қоф то Қоф донанд, ки Искандар кист.
Ман низ донам. Аммо кўдак надонад. Кўдак шоҳро аз тахт фаровардааст...
— Он шоҳон дигаранд, аммо шоҳ Искандар дигар. Ўро касе натавонад аз тахт фаровардан.
Барзин надониста буд, ки то куҷо мағрур аст шоҳ. Чун ҳарфи ў шунид, чизе ба гулўяш панҷа зад чун панҷаи аҷал ва қабз мекарду мефишурд ва нафасаш батадриҷ танг мегашт. Фишурда шуд танаш ва сахт ба ў нигариста баромада рафтанӣ шуд ва ҳамин қадар аз мағзаш гузашт: «Ҷавон... Боди ҷавониаш зиёд.» Ва гўё Искандар гуноҳи хешро пай бурда бошад ва дарёфта бошад, қадаҳи дуввумро ба замин партофт. Барзин дид ва донист кирдори ўро ва ҳамон зайле ки истода буд, наҷунбида писарро ба сари сина пахш карда, шах шуда буд. Аммо таҳаммул карда наметавонист, ки ин чӣ кори кардаи шоҳ бувад. Ситеза ва ё тамоман аз баҳри шароб гузашта. Ва шоҳ нигарон буд, шояд аз ҷониби малика садое ояд. Шоҳзан оромтар ва хомўштар менамуд ва гўё чизе нашуда ва рафтори шоҳро надида.
— Ҳамин лозим барои ту?
Гўйӣ нашунид Барзин. Чун садои Искандар такрор шуд, Барзин посух бидод:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо