Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ман ҳушу ақл шуда натавонам шоҳро. Маслаҳат низ дода натавонам.
— Маслаҳатро ҳар кас дода тавонад. Ҳатто ғаши ғайриихтиёри Геракл маслаҳат буд. Муҳим ин чиз набувад. Муҳим он аст, ки маслаҳатро, пандро, андарзро кӣ гўш кунаду чӣ гуна пазирад...
Барзин сар афшонд, аммо садо набаровард, ки беҳуда. Ҳазорон сол аст, ки панду андарз мегўянд, аммо касе онро риоя накунад ва касе аз донистаи хеш намонад. Надонистаи ў афзалтар ва болотар бувад аз донистаи каси дигар. Нест нодоне, ки нодонии худро донад.
Искандар андешид, ки бо зуъму ситеза ба ҷое нарасад; зиндагии ў бояд аз амру ҳукм иборат бошад ва иҷроиши он. Аммо ҳушёр сомон нашавад чунин кор. Аз ин рў шоҳ хидматгоронро нахонд барои бардоштани ҷомҳои афкандааш. Балки худ хам шуда онҳоро бардошт, ки дар кўдакиаш ҳам накарда буд. Ҷомҳои заринро бурда рўйи лаълии зарин гузошт ва баргашта ба Барзин нигарист ва гуфт:
«Ман май нахўрда, коре карда натавонам.»
Барзин чизе нагуфт. Балки писарро майли хобондан карда уреб гирифт ва бод дод.
«Дар сипоҳ бузургсолон зиёданд, агар нанўшида бошам, шарм дорам, ки ба онҳо амр кунам...»
Ва Барзин сар ҷунбонду гуфт:
— Рой шоҳро. Ҳар чӣ хоҳад, он шавад. Агар бо майхорӣ кори ў барор гирад, бояд май бихўрад. Агар бода миёни кори ўро мешиканад, бояд нахўрад.
— Гуфтам, ки бузургтар аз Барзин зане набвад андар қарни мо.
— Масхара зан, шоҳ. Шоҳонро ҳама чиз раво бошад. Дарвешонро ҳама чиз мамнўъ.
— Дар андарунат буғз дорӣ, Барзин. Вале боиси бо ман киноя гуфтанатро дарнаёфтам.
— Ман аз дилсўзӣ гўям, шоҳро киноя тобад. Чунон ки шоҳ фармуд, касеро хуш наояд андарз ё маслиҳати дигаре. – Ҳарфи чанд муддат пеш гуфтаи ўро такрор кард зан ва Искандарро табассум дамид андар лабон.
— Ту бояд маро ёр бошӣ, Барзин. – ҷом сўйи ў ёзида гуфт шоҳ.
— Бале, ман дар ҳама ҳолатҳо ёри шоҳам, ба ҷуз май-хорӣ.
— Ёри хуб дар ҳама ҳолатҳо бояд ёр бошад, ҳатто дар гўр.
— Пас чаро шоҳ сухани ёронро ба инобат нагирад?
— Чӣ гуна сухан?
— Оне ки ҳама дўстон ва ёрони ҷонӣ шоҳро ба вогашт даъват мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо