Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Гуфтам, ки кори беҳуда миён шиканад. Ин масъала дар нақшаи ҷанги Порс ҳаст.
— Охир, мо ба Багдо (Бохтар) меравем, ба Согдо (Суғд) меравем,
— Агар ту худро ёри ман медонӣ, дигар аз ин боб сухан магўй...

БАНДИ ЧАҲОРУМ

Ва Искандари қадам ба бисту ҳафт ниҳода он шаб фармуд, то зану фарзандашро ба шабистони дигар бигузаронанд. Пасон то сияҳмаст гаштан бодапаймойӣ кард. Тамоми гуфтаҳои Барзин бори дигар дар мағзаш такрор шуданд ва он ҳамаро бо суханони сарраммол сангу посанг намуд. Дўсту душманро фарқ кардан хост; ақлаш намегирифт, ки Аминта ё Клит ё Кратер ўро хиёнат кунад.
Маст шуду сўҳбат бо дару девор кард. Соқа пўшиду бозубанд ва ба тани бараҳнаи хеш камарбанд бубаст ва шамшер овехт.
Кулаҳхўд бар сар ниҳод. Пасон шамшер аз наём кашид ва чунон ки Демади устод шамшерзанӣ омўхта буд, бозӣ кард ва базўр мешунид, ки олоти тез чӣ гуна ҳавои хонаро суст мебуррад. Хашм гирифт ба ногузароии шамшер. Баргардонида ба наём андохт, боз гирифт ва бар тахт нишаст. Пойи росташро кашид пас, то бар курсӣ ниҳад ва ҳайкалашро чунон созанд. Шамшери охта тори сар дошт, сари китф бурд; даст ба пеш ёзида неши он бар муттакои маснад халонд ва ҳазору як нағмаву усул кард, ки мувофиқтар аз ҳама кадом аст барои ҳайкал. Ин танҳо хаёлу армони ў буд ва намехост касе бидонад. Соқа таранг кард зонуяшро. Бархост.
Шамшер рўйи тахт гузошт. Ҷоми бода ба сар кашид ва каф кўфт.
Дар боз шуд ва зуд пўшида. Аз бараҳна будани шоҳ хиҷолат кашида дарбон надаромад. Аммо шоҳи маст ин чизро пай набурда, боз каф кўфт. Ва шамшер сўйи дар рост дошт. Дарбон боз дарро кушод ва ҳолати шоҳ дида, ин бор аз тарс пўшид дарро. Шоҳ Искандар ҳарчанд маст буд, аммо ҳолатро медонист ё матлаб равшан буд, ки хашм гирифт ва шамшерро паст нафароварда, рост сўйи дар омад. Ва якбора чашмаш ба сурати даруни оинаи барқади миёни ду тирезаи толори пазиро афтид, бозистод. Сурат, ҳайат ва зебу ҷамоли хешро дида, наздиктар рафт ва шахси бараҳнаи рў ба рўро шинохта, шамшер бар оина зад ва аз гум шудани сурати хешу рехтани оина ба худ омада, ҳушёр гашт ва зеҳн ба тани бараҳна монда, назди маснад омад, ки ҳама сару либоси шоҳӣ кашида, он ҷо афканда буд. Як бор нигарист ба дар ва зуд пушти тахт шуда соқаву бозубанду камару кулаҳхўд бадар кард.
Либоси шоҳона пўшид. Бинишаст бар тахт. Ва хешро ҳушёру ҳушдор дониста, каф кўфт.

пешина
аз 411
навбатӣ