Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Дар оҳиста нимроғ шуд ва саре дарун омад. Шоҳро ороставу тахтнишин дида, дарбон чун ҳамеша ворид гашт ва омодаи хидмат ба по истод. Гўё чизе нашуда бошад, шоҳ фармуд:
— Гефестион, Кратер, Кен, Эргӣ, Пердикка ва Леонатро даъват кунед!
Таъзим кард пардадор ва пас-пас аз дар баромад.
Ва муаммои сахт пеш омада буд: Искандар наметавонист дарёбад ҳалли онро. Ҷондоронашро ва ёронашро, ки ҳар кадом хешро аз ҳад зиёд наздик мегирифт, чеҳраву нигоҳу муомилаву гуфтору рафтори ононро пеши назар меовард ва хулоса мебаровард, ки ин аст ё он? Пасон аз дигар дидгоҳ менигарист, ки ба кадоме чӣ бадӣ карда бошад. Дар қатори онҳое ки аз гуфтаи раммолу Барзин гумонбар шудаанд, падари Файлотусу Никонорро фармони куш дода, ҳамчун ҷосусу қотил се тан (Клеандр, Ситалк, Менид)-ро ба Модай фиристодааст ва Лимни Димнро барои Пармониёнро ҷонибдор шуданаш сарзаниш кардааст... «Боз киву чӣ? Ёд надорам. Мактуби қатли сипаҳсолор Пармониён рустӣ аз ҷониби ман навишта шуда буд. Аммо дигарон чӣ? Бисёриҳоро вазифа додам, дар паҳлўи худ гирифтам; ҷони ту – ҷони ман, ҷони ман – ҷони ту, гуфтам. Боз чӣ кунам буд? Худоён бигўянд, ки аз ман гузашта ё аз онон? Наход ки ба Ватан зуд барнагаштан гуноҳ бошад? Ман модарамро дўст намедоштаам... Аҷаб... Ҳама ганҷҳоро барои ў мефиристодам. Аз ин раҳи дур аз ў маслаҳат мепурсидам. (Ҳеҷ кас нафаҳмад) Ба ў ёрӣ медодам, ки падарамро кушанд. Чаро дунё чунин сохта шудааст? Ба касе мадад кунӣ, зиён аз ў бинӣ.
Касе роздону ҳолдонат бошад, гўратро ў канад. Чаро касе нагўяд, ки маро ёриву ёварӣ макун, аз ман некӣ нахоҳӣ дид! На. Касе чунин нагўяд. Баракс гоҳи кўмак гирифтан он қадар ситоишат кунанд, ки туро худо зоида бошад. Беақлҳо... Гумроҳон... Магар ман намедонам, ки писари кӣ ҳастам? Агар ман надонам, магар модарам намедонад, ки аз хунӣ кӣ рўйидаам? Маълум. Ҳамааш равшан. Фарзанди ҳаромӣ зудтар маълум мешавад аз ҳалолӣ. Ва ман ҳайрон мемонам, ки чаро ин қадар мардум ба ин чиз ҳавасманданд? Ҳатто пири лаби гўр ҳам пеш аз ҷон додан мепурсад:
«Аз кӣ шудааст?». Ҳанўз ҳам миёни хосу ом баҳсҳо мешавад, ки ман писари Филиппи Дуввум ҳастам ё на? Ҳанўз ҳам ман дар назари баъзеҳо кўдак ҳастам. Дунёро тасхир кардам: ҷаҳонгир шудам, ҳолиё кўдак медонанд маро. Таънаи сипаҳсолор Пармониён ҳамин буд ва ифтихор дошт, ки бурди Искандар бурди ўст.
Агар ў набудӣ, мақдуниёну юнониён кайҳо ҷангро бохта буданд.
Гўё гетиро ў ба даст овард ва Искандар подшоҳӣ мекунад. Аҷаб.
Баъди марги Пармониён ҳам пархошҳо шуд, мақдуниёну юнониён боз пирўз омаданд. Магар ҳоло писари ў даъво кунад? На-а-а...
Писари Филиппи Дуввум Искандари Мақдунӣ намурдааст. Ҳама буздилҳо бираванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо