Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ман ҳамроҳи шердилҳо ба майдон хоҳам даромад...»
Ў пеш омад, то хешро бубинад андар оинаи барқад. Андар фарш пораҳои оина нури хираи машъалу шамъҳоро бозмегардониданд ва нимравшану хира ба чашм мерасиданд.
Аранге шоҳ ёд овард, ки пештар оинаи барқадро шамшершикан карда буд. Дар боргоҳи муваққатии шоҳӣ дигар оина набуд, то шоҳ хешро дурусттар бинад. Хам шуда аз шикастаҳо пораеро бардошт, то хешро бинад, аммо андар реғаҳо, резаҳо, пораҳои шикаста даҳҳо шоҳ намуданд: каҷу килеб, лоғару фаҳўл, хаму рост, равшану хира, сиёҳу нимранг ва ҳарранга. Ҳеҷ яке монанд набуд шоҳро. Шоҳ пой зад пораҳоро ва он суратҳои монанду номонанди ў дур шуданд ва ҳар кадом акси шуоъ ба сақф медоданд.
Дар садо бароварда, боз шуд. Искандар фармуд:
— Танҳо Кратер дарояд!
Ва Кратери ҳамсафу ҳамрикоби шоҳ ба толор ворид гашт. Ва баробари кушодаву пўшида шудани дар ҳавои толор такорў шуд ва шамъу машъалаҳо забона заданд. Як бор рўшан гашт толор ва боз нимхираву нимравшан метофт ва сояи сутунҳо низ булўрӣ ва тира мегаштанд. Кратерро намуд, ки шоҳ назди шишапораҳо меистад ва акси шуоъи шишапораҳо ба тану сару рўйи ў бармехўранд. Ў ҳайрон шуд ва пеш омада, пурсид:
— Ба хайр, шоҳ?
— Ба хайр...
Хеле паст посух дод, то касони паси дар нашунаванд. Коре шуда, ки шоҳро ғамӣ медорад. Ва равон шуд сўйи тахт. Вале бар маснад нарасида, андар пояи он бар курсӣ нишаст ва ўро низ хонд ба нишастан, пасон гўё ки сабру қарораш намонда бошад, пурсид:
— Чӣ ҳарфу чӣ вазъ?
Кратер китф барҳам кашид ва гуфт:
— Вазъ хуб метобад...
Шоҳ мадд кашид, ки бепарвойӣ ва фармуд:
— Баъзеҳо меоваранд, ки вазъ нобоб аст.
— Аз кадом ҷиҳат?
— Ман бояд ин чизро пурсам, на посух диҳам.
Кратер зери хафтон кайк ё мўре буда барин беқарор шуд ва гўё чунин фурсатро нигарон бошад, ғурунгид.
— Ман беқарориҳои Файлотусу бародарашро медонам. Чун шоҳ ба гуфтаҳоям эътибор надод, дигар аз ин хусус навид наовардам.
— Ва ҳоло бехабар?
— На. Бохабар. Аммо шоҳ бовар намекунад. Гумон дорад, ки ҳама чун Кратер ё Биталомус ўро вафодор аст. Ман аз нияти бади Файлотусу падараш Пармониён ҳанўз гоҳи дар Миср буданамон шоҳро огоҳ карда будам, аммо шоҳ тез бо ман шуд, ки нотавонбинам ва ҷойи ўро мехоҳам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо