Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ман он гоҳ ғами сипаҳсолор Пармониёнро мехўрдам, ки писарашро дар ҷанг қурбон кард ва якбора ба ў ҳуҷум шавад, мақдуниён ба шўр меоянд ва наметавонем сафарро идома диҳем.
Магар Пармониён одами андак аст?
— Медонам, ки чун Пармониён лашкаркаши бузург нагузашта.
Аммо чун хиёнат ва сўиқасд ба шоҳ кунад, магар бояд чашм пўшид?
— На. Ҳар кор вақт дорад, инсон – аҷал. Аҷал расад, сайд ба дом ояд. Пармониёнро аз байн бардоштан кори осон набуд.
Ва ҳама норозигиҳои сипоҳ аз барои ин аст. Ва бо писарони сипаҳсолор баногўшӣ карданҳои баъзеҳо аз ин рўст.
— Лимнро дар назар дорӣ?
— Лимн ҳам, дигарон ҳам... Ҳоло Файлотус аламзада. Бо саҳл ишора ўро ба дом овардан имкон дорад. Барои ҳамин ўро истифода мекунанд нодўстон.
— Дуруст, шоҳ. Ман ин чизҳоро ба шоҳ гуфтанӣ будам, вале чун ройи ўро дидам, дам ба дарун гирифтам... Агар поруро кобӣ, бўяш барояд. Файлотус доро шудааст. Гуфтаҳоро низ мефиристад ба Мақдуниё, ҳам ғун меорад бо дасти маҳбубааш Эрис.
— Эрисро ман пурсидам. Дурўғ мегўяд. Ҳатто гуфт, ки як борҷома дорам, шоҳ метавонад ҳар касро фиристад, то хабар гирад...
— Ё шоҳро дурўғ меоранд ё маро.
— Хуб. Фарз кардем чунин. Боз чӣ?
— Дигар ин ки нияти Файлотус дигар аст: ҳоло ў низомиёни савораро ташвиқ кунад, ки то шоҳ аз миён бардошта нашавад, мо ба дидори Мақдуниё нарасем, рўйи дўстон набинем.
— Аминта чӣ вазифа дорад дар ин сўиқасд?
— Аминта инсони хуб. Аммо ба ҳарфи Файлотус гўш медиҳад.
Сўиқасдчиён ният доранд, ки ба воситаи Аминта низомиёни пиёдаро зидди шоҳ барангезанд.
Искандар нишаста натавонист бар курсӣ. Бархоста гом зад тез ва бори дигар назди оинаи шикаста омада, пораҳоро лагад зад ва фармуд:
— Беҳуда нашикастааст. Балои омада ба ҳамин оина занад.
– ва боз ҷониби Кратер шўрида гуфт: — Ва ту донӣ ин ҳамаро!
Вале чизе нагўйӣ! Магар ту низ...
— Чӣ фикр дорад, рой шоҳро... Аммо донистану нагуфтани ман сабаб дорад, ки гуфтам: шоҳ бовар накунад ҳарфи маро, ки аз ғараз гўям.
— Шоҳ замоне бовар надошт ба ин ҳарфҳо, ки боиси ташвиш набуд, ҳолиё ҳама нодўст шудаанд шоҳро. Ман, ки бадӣ накардаам ба онон ё кардам?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо