Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Баъзан душманро некӣ бадӣ шумор ёбад.
— Ман надонистам, ки дўстон душмананд. Вале медонистам, ки бо баҳонае дўсти забонӣ душман гардад.
— Яъне шоҳ бовар карда ба душмании дўстон?
— Бале, бовар карда.
— Пас дўстонро ҷудо бояд кард аз душманон.
— Фардо. Фардо ин корро хоҳам кард. – Мушт сўйи сақф баланд карда гуфт Искандар ва рў ба дар оварда, фармуд: — Гефестион дарояд!
Гефестион даромад. Аввал нигоҳаш ба акси нурҳо афтод, ки аз оинапораҳо ба сақф бармехўрд. Гумон кард коре шуда. Аммо Кратер назди шоҳ зиндаву саломат буд. Ҳарчанд одати шабкории шоҳи шабравро медонистанд, вале то ҳол паси дар миёни ҷондорони дар ғояти шаб даъватшуда баҳсҳо мерафт: чӣ шуда, ки нобаҳангом ононро хондааст. Гефестион аз хомўшии Искандару Кратер чизе нафаҳмид. Дарёфт, ки кори саҳлу андак нест.
— Кратер аз вазъу ҳоли сипоҳ ва сипоҳиён огоҳӣ надорад.
Шояд ту донӣ, Гефестион, ки дўстонро чӣ шуда?
— Дўстонро?
— Оре, дўстонро.
— Дўстони ҷонӣ чун пешин дўстанд, аммо дўстони забонӣ нодўстанд.
— Донӣ, ки дўстони забонӣ кистанд?
— Магар Кратер надонад?
— На. Кратер мегўяд, ки ҷуз Файлотус касе шоҳро бадӣ нахоҳад.
— Бадӣ нахоҳад ё бадӣ накунад?
— Бадӣ накунад...
— Аммо бадӣ хоҳад. Ва бо дасти дигарон бадӣ кунад.
— Бо дасти киҳо? – шоҳ гўйӣ ҳама чизро дониста буд ва инак бо дасти дигарон амал кардани сарфавҷи саворонро донистан мехост.
— Бо дасти Лимну ёронаш...
— Кистанд ёронаш?
— Ёронаш... ёронаш... ёронаш... Ба назарам, писари Антипатр
– Иоллай.
— Иоллай? Ҳамон косагул?
— Бале-бале...
— Ҳамон соқии базмҳои ман? Ҳамон бодапаймо, ки то осмонҳо маро меситояд? Магар ҳамааш барои як ҷуръа май аст?
— Бале-бале...
— Охир ў маро беҳтарин шоҳ, ҷавонтарин шоҳи оламгир, беҳтарин ва бузургтарин лашкаркаш, ягона писаре, ки ба падар монанд – ҳам шоҳу ҳам лашкаркаши бузург мегўяд-ку?

пешина
аз 411
навбатӣ