Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Мегўяд... ба забон мегўяд. Аммо дар дилаш дигар чиз гўяд...
— Ба ў чӣ намерасидаст?
— Инро аз ў бояд пурсид, шоҳ.
— Мақдуниёро ба ихтиёри падараш гузорам. Тамоми ганҷи Порсро ба ў фиристам... Кўрнамакӣ аз ин зиёд шавад?! А? Чӣ пастист?!
Садо баланд кард шоҳ, ки паси дар будагон низ шуниданд ва худи ў пай бурд, ки беҳуда бувад дўғ ба онон задан ва ё алам аз онҳо гирифтан.
— Шумо мефаҳмед? Охир, ин... ин... – ларзид Искандар, ки гоҳи набард чунин ҳолат рух намедод. – Охир ин кўрнамакӣ дар ягон зарф намегунҷад! Ман падарашро ба ҷойи худам чун шоҳ ба тахти Мақдуниё нишонам, тамоми ҳаққу ҳуқуқро диҳам... Писараш ин ҷо... Шояд дурўғ бошад? А? Шояд ту, Гефестион, бо ў хусумате дошта бошӣ?
— Ман бо ў чӣ хусумат дорам, шоҳ? Он чӣ медонам, мегўям.
— Бисанҷед! Агар рост бошад, аз забони он булбулак наовезам, писари шоҳ Филипп набошам!.. Ў гумон карда, ки ман ҳоло ҳам кўдакам... Ёри майгусори ман заҳр бар косаи ман андохтанист...
Шумо донистед?! А? Донистед, ки душман чӣ касонро пайдо мекунад ва истифода мебарад?
Искандар намегунҷид дар пўсташ, дар толор ҳам. Гом мезад.
Ва он қадар шиддат дошт, ки пойҳояш майли давидан мекарданд.
Ногаҳон истод. Ҳама чизро фаромўш кард ва фарёд зад:
— Ҳамаашро сар мегирам! Худам сар мезанам! Ҳоҷат ба ҷаллод нест! Онҳо маҷбур месозанд, ҷаллод ҳам шавам! Онҳо тушбераро хом шумурдаанд... Ҳоло бо собуни ман ҷома нашустаанд...
Ҳарчанд ҷондори мананд, маро хуб нашинохтаанд. Айби ман, ки ҳамзабон шудам, баробарам нишастанду хўрданду бархостанд.
Ёр гуфтам, ҷондор гуфтам. Нозашонро бардоштам... оқибаташ чунин шуд.
Хомўш монд. Сар андохт. Хеле андешид ва рў тофта ба дар нигарист. Садо баланд кард:
— Дароед!!!
Дар кушода шуда чанд тан пасу пеш даромаданд ва Искандар онҳоеро дид, ки фармуда буд.
— Шумо чӣ мегўед?! – онҳоро шариксўҳбат пиндошта, пурсид шоҳ.
Ва онон, ки огоҳ аз сўҳбати се тан набуданд, ба ҳамдигар нигариста китфон ба ҳам кашиданд ва намедонистанд чӣ гўянд.
Танҳо ҳамин қадар дарёфтанд, ки шоҳ дар ғазаб аст ва мехоҳад аз касе алам ситонад.
— Магар он чӣ инҳо мегўянд, рост бувад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо