Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Онҳо чӣ гуфтанд, мо нашунидаем, шоҳ... – хеле паст садо баровард Кен ва нигарон буд, ки ҳолиё ғазаб мекунад Искандар.
Шоҳро чӣ андеша ба сар омад, ки гуфт:
— Онҳо ҳеҷ чиз нагуфтаанд... – ва рў ба сабўю соғари рўйи лаълӣ оварда, афзуд: — Шароби талх бояд хўрд...
Ва ёрон медонистанд, ки Искандар дар ҳолатҳои хушӣ шароби талх нахўрад.
— Ту ба ҷойи Иоллаи писари Антипатр, Пердиккас, аз ҳамин замон косагули давраҳои шоҳӣ. Зеро касе аз сипоҳ чун ту тобовар набошад ба шароб. Ҳатто Искандар натавонад бо ту мусобиқа кардан...
— Муболиға шуд, шоҳ...
— На, Пердиккас, медонӣ, ки ман беҳуда намегўям ва бо ҳар кас сўҳбат намекунам. Ту мувофиқи зўрат боз пурбардошт низ ҳастӣ.
— Ташаккур, шоҳ... Лекин мебинам, ки шоҳ парешон...
— Аҳамият надорад. Гуфти худат: мегузарад. Шароб бирез, шароби талх. Ин шароби Димитриус оварда. Санҷида, мардафкан.
Агар Пердиккас тоб наорад... Бирез!
Ва Пердиккаси пилзўр, ки гоҳ-гоҳ Искандар зўри ўро ҳавас мекунад, аз кўзаи зарини дар Домғон тақдимшуда бода рехт андар қадаҳҳо ва ба шоҳу дигарон дароз кард:
— Барои шоҳ!
— Барои пирўзиҳои шоҳ Искандар!
— Барои Мақдуниё!
— Барои Олимпиада!
Ва бисёр нўшбодҳои кўтоҳ гуфтанд ба эҳтироми шоҳ Искандар. Аммо шоҳ ҳамаи онҳоро гўш медоду сар меафшонд. Ва аз дил мегузаронд, ки зиёд шунида аз забони онҳое низ, ки пештар зикри душманиашон рафт. Ва ў низ кўтоҳ гуфт:
— Барои дўстони ҷонӣ!
Ҷомҳо ба сар кашиданд. Искандар нашъаи бодаро дарёфт, ки хўрдаҳои аввалро такорў кард, кайф бурд. Дар сар он қадар андеша буд, ки намедонист кадомеро пеш орад. Ва якбора кафид:
— Ҳар касро дўст гўед ҳам, дўст нагиред...
Онҳое, ки сўҳбати андаке пеш шударо шунида буданд, матлабро дарёфтанд, вале онҳое, ки нав даромада буданд, тахмин мекарданд.
Ба ҳар ҳол Искандар бахуд набуд. Гарчӣ бодаи арғувонӣ мехўрд, ҳушаш ба дигар ҷо буд.
Машъалаву шамъҳои дар танаи сутунҳову деворҳо васл карда месўхтанду об мешуданд андар шамъдонҳо. Толор хираву тира мегашт ва рўйҳоро хуб намедиданд. Магар Искандар анҷоми сўҳбат пиндошт, ки он чӣ меандешид, ҳамон гуфт:
— Шоҳ набояд бо ҳар кас бодахорӣ кунад. Шоҳ бояд чун Худо дар паси пардаҳо пинҳон бошад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо