Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ва нафаҳмиданд дўстон, ки Искандар барои чӣ чунин гуфт.
Ҳар кас ҳар навъ андеша дошт, аммо намеёрист пурсад. Зеро ба ҳамагон равшан буд, ки сухани шоҳ Искандарро гардонидан ва ё ду кардан имкон надорад. Аз ин рў ҳама хомўш буданд ва таҳлил мекарданд ҳарфи шоҳро. Пердиккас ҷоми зарин пеш овард ва фармуд:
— Барои касе, ки тухмааш аз худоён, нимхудоён ва қаҳрамонҳо сабз шудааст!
Ва ҳама баҳ-баҳу бай-бай ҷом баланд карданд.
Дар шаҳрчаи тозабунёди Искандарӣ ҳама хуфта буданд ба ҷуз будагони толори пазиро ва шабзиндадорони сипоҳи Искандар; посбонҳо, шаббонҳо, пардадорон, дидбонҳо ва ҷосусон. Ва боз як нафари дигар, ки сари мурдаи бародараш мегирист. Кебалини росткор, ки аз дасисаҳои бародараш Никомах дилгир шуда буд ва аз сўиқасдсозиаш ғаш мекард, гурзи ногаҳонӣ бар сари ў зада афканд ва дар дили шаб, гоҳе ки ҳатто сагони шаҳрак зуза надоранд, бар сари мурдаи дароз хобида хам хўрда, ашк ба рўйи ў мерезад, то тани беҷон эҳсос кунад, ки дили бародар сўзад ба марги зўракиву нобаҳангоми бародар.
Вале касе намедид кирдори ўро ва касе ғамшарик набуд. Худи ў низ намедонист, ки ғамӣ аст ё шодмон аз мурдани бародар.
Зеро ў дониста кушт бародарро. Ба гумони ў сўиқасди чанд тан боиси надидани мақдуниён ватанро хоҳад гашт ва ҷанги дохилии сипоҳиён рух диҳад, касе зинда нахоҳад монд. Ба ин маънӣ Никомахи тезхунро кушт ў, акнун намедонад чӣ кор бикунад.
Ҳамин, интиҳои мубориза барин; он сў роҳи рафт нест ва касе ба доди ў нахоҳад расид. Ба назараш васвасаи шайтонӣ буд. Хаёл кард, ки ў бо роҳи бародар намеравад ва хоҳ, нохоҳ бародар ўро хоҳад кушт. Аз ин рў ў кушт пешдастӣ карда. Ва намедонад чӣ кор кунад он мурдаро. «Коре мекунам, ки Александри Линкестидӣ карда буд: мурдаи бародарро биоварам барои шоҳ Искандар ва агар ў пазирад ва пурсон шавад, баъзе сиррҳоро ошкор кунам.
Хоҳам гуфт, ки дарахти азими мақдунӣ кирмғўч шудааст ва онро нав бояд кард. Гўям, аз «дўстон» эҳтиёт шавад, ки гўр мекобанд.
Роҳи равро тоза кунад, ки пур аз чоҳ аст... Баъд чӣ, Кебалин?
Кайфар чӣ шавад?...»
Баданаш ларзид. Ба назараш зери партави моҳ зишткориашро диданд, ўро ҳукми шоҳ зарурате надорад, худи низомиён хоҳанд кушт. Ин чизро яқин медонад ва боз пеши назар меорад, ки мурдаи Никомахро касе пайдо мешавад, ки ба хок супорад, аммо мурдаи ўро пеши сагон меандозанд ва ё дар обканде мепартоянд, ки еми каргасҳо гардад. «На, чунон нахоҳад шуд, хаёли ботил.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо