Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Александри Линкестидӣ барои сари ду бародарашро ба Искандар овардан авф карда шуд гуноҳаш. Ҳанўз зинда аст ва дастаи саворонро сарвар аст ва ҳоло ҷон гирифта, қасди бародар аз шоҳ ситониданист. Гўё ки бародаронашро Искандар кушта бошад....
Аблаҳ худи мо: ҳавас кардем ҷангро, бозӣ пиндоштем... ҳоло ки шарбаташро хўрдем... На... Пушаймон нашав, Кебалин. Агар ту накушӣ, ў мекушт. Яқин куштанӣ омада буд маро. Нияти онҳо маълум. Гурўҳи хурду кам нест. Қариб ҳама ранҷидаанд аз шоҳи бемулоҳиза ва қасд ситониданианд. Шоҳ Искандар хабар надорад аз ин сўиқасд. Ман мегўям ба ў. Ман мефаҳмонам, ки душманат аз мўйи сарат зиёдтар...»
Ва ў бардоштанӣ шуд ҷасади беҳаракати бародарро, ки назди шоҳ Искандар бурда, нишонаш медиҳад ва сабаби куштанашро гуфта, ҳама сўиқасдчиёнро ном мебарад. Натавонист бардоштан
– зўраш нарасид. Хеле гарон буд ва ба назараш ин ҷасад ҷасади бародараш на, балки ҷасади як марди ҳузарби бадҳайати девсурат метобад, ки ду касу се кас натавонад бардоштан. Сараш ба кўҳ мерасад, пояш ба рўд. Ва ў намедонад, ки аз кадом ҷониб бардорад. Касе нест, ки ёрӣ диҳад.
«Ёрӣ диҳед!»
Чаро гуфту киро гуфт, равшан набуд. Ва ё нагуфту аз хаёл гузаронд, ки касе пайдо нашуд ва посухе ба додаш наомад. Баъд, аз садои нагуфтааш ҳушёр гашт ва донист, ки коре кардааст ношуданӣ.
«На. Хуб кардам... Агар ман накушам, ў мекушт... Вале ў чӣ мекард бо ҷасади ман? Инро пурсидан лозим буд: Никомах, агар маро кушӣ, мурдаи маро чӣ кор мекунӣ? А? Ба Мақдуниё мефиристӣ? Барои падару модарамон? Ҳа-а-а, ман мисли ту Арсиноя надорам... Арсинояи ту он ҷо нигарон аст, ки ту бармегардӣ ва барояш тамоми моли дунёро меорӣ... Зеро дар Мақдуниё медонанд, ки сарбозон на барои ҷанг, балки аз барои зари Порс ба Офтобнамо рафтаанд; барои шоҳ Искандар бемаргӣ меоранду барои Мақдуниё доройӣ... Ана дороии ман. Акнун ин бори гаронро гирифта то Мақдуниё мебарам ва ба Арсинояи нозанини ў месупорам. Дунёйӣ барои маҳбуба. Ба ў месупорам. Зеро падару модар чунин дороиро напазиранд. Ва агар онҳо фаҳманд, ки ин кори ман аст... На. Ин корро ман накардаам ва намедонам чӣ гуна шуд. Ман пайдо кардам ҷасади ўро. Кушта партофтаанд, пайдо кардам. Лекин барои ин касеро ҷазо надиҳед, айби худаш. Айби худаш, ки мушт ба дирафш заданӣ буд аз беақлӣ ва андеша накард, ки бо подшоҳ наситезанд... Инро ту низ медонӣ-а, Никомах? Чаро хомўшӣ? Чаро ба пурси ман посух нагўйӣ? Қаҳрийӣ бо ман? Охир ман бародари ту ҳастам, Кебалин. Чашматро кушо, ман Кебалин.
Ҳамон Кебалин, ки ба нобудии шоҳ тарғибаш мекардӣ. Чашматро кушо, ман розӣ. Ман розӣ, ки якҷоя мубориза барем, то дар ҷаҳон шоҳ намонад.

пешина
аз 411
навбатӣ