Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Зеро нав дарёфтам, ки ҳама ҷангу ҷидолҳоро шоҳон ба миён меовардаанд. Зеро ҷиғилдони онҳо фарохтар аз дунёст ва чашми носери онҳо бетаҳтар аз фазост, ки бо чиз пур карда нашавад, магар бо хок. Чашматро кушо! Ман донам, ки чашми ту сер буд, фақат барои Арсиноя ягон чиз барам, мегуфтӣ, ё гўшвора ва ё зеби гардан. Нафсат мурда буд. Надонистам, ки ба ҳарфи кӣ гўш додӣ... Чашматро кушо, маслиҳат бидеҳ, ки чӣ кор кунам?..»
Аз ҷониби кўҳ шағоле пинг гуфт ва саге аз дур ак зад. Ў ба худ омад ва сар афшонд, ки ҳушаш куҷое рафта, чиҳое, ки гуфт.
Ба кохи хомўшу торик нигарист. Зери нури моҳу ситораҳо дижи хурде метофт нисбати он қасрҳое, ки Искандар хароб карда буд.
Ба ҳар ранге шоҳ шоҳ бувад ва аз ҳашамату сиёсати ў тарсе ҳаст.
Искандар ба сол хурд, ба овоза ва шўҳрати ҷангӣ бузург ва боз ба дилёбӣ ва муносибат машҳур; худои ҳар қавму миллату кофиркешонро худои хеш хондани ў аз ин ҷост, мардумон имон оваранд ва бовар кунанд ба ў. Инро ҳама донистанд, Кебалин низ.
Ў бовар дорад, ки Искандар гуноҳро пўзиш карда тавонад. Аз ин рў умед дорад назди ў равад ва изҳор кунад, ки ба хотири шоҳи кабир бародар куштааст, агар тавонад, ҷурмашро бахшад...
Боз зўр зад, то бардорад ҷасади бародарро рўйи даст ва ҳамон зайл то боргоҳ барад ва бо рухсати ҳоҷибону иҷозати шоҳ пеши пойи Искандари Мақдунӣ андозад... ва гўяд ҳама сирру савдоро:
«Барои шоҳи кабир, ба хотири Мақдуниё кардам ин корро… шоҳ тавонад, бубахшад маро, ки дигар илоҷе надоштам. Агар бародарро накушам, маро мекушт, ҳама асрор ниҳон мемонд ва боз қасд ба ҷони шоҳ мешуд ва он тарафашро касе намедонад. Омурзиш аз шоҳ барои худсариам, барои бародаркушиам... На. Агар шоҳ мулоҳиза фармояд, ман бародар накуштаам, душман куштам, қотили хешро куштам... Ман бояд ин чизро ба шоҳ мерасонидам, аммо фурсат нашуд. Сўиқасдчиён сахт гирифта буданд. Имконе надоданд, ки ман аз ҷой ҷунбам ё касеро дида гўям, ки ба шоҳ Искандар расонанд; вазъ нобоб аст, душман зиёда аз мўру малах.
Дар ҳар қадам чоҳ кандаанд, дар ҳар ваҷаб одам мондаанд; бо ҳар кӣ аҳд бастаанд... то воруна созанд шоҳи мақдуниро... На!
На, ў бовар нахоҳад кард. Мисли ҳама гуна бародарони баднафс, дунёхоҳ, меросхўр бародаратро куштӣ, гўяд. Мисли ҳама гуна шоҳзодаҳо дар орзуи тоҷу тахт бародарро нобуд кардӣ, гўяд.
Мисли ман, гўяд, ҳаммонанди шоҳони ҳахоманишӣ, гўяд... чун фарзандони Одам, гўяд... Ва агар росташро аз ман пурсад, чӣ посух гўям? Падарам шоҳ набувад, мероси зиёд надорад, ки боиси кушти бародар бошад... «Аз барои шоҳ Искандари Мақдунӣ»
гўям, магар бовар кунад? На. На, бовар накунад. «Бародаркуш, падаркуш ва шоҳкуш» гўяд. Рост гўяд. Вале исбот карда натавонам, ки аз барои ў куштам...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо