Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— А? Кистӣ? Кӣ меояд?.. Ман? Маро мепурсӣ?... Ман бародарамро посбонӣ мекунам. Никомахро... Мурдаро кӣ посбонӣ мекунад, мегўйӣ? Чунин магў. Ман ҳам медонам, ки мурда ба ҷое нагурезад.
Охир ў намурдааст... Хоб аст. Ў ҷавон аст, ҳамсоли шоҳ Искандар. Мани аз ў калонтар истода, наход вай мурад?... Чӣ? Чӣ-чӣ?
Чӣ гуфтӣ? Ҷавонон намуранд, мекушанд, мегўйӣ? Кӣ мекушад?...
Ман?.. Ба назари ту ман одамкушам?.. Бародаркушам?.. Ин хел нагў. Ҳамсафонаш шунаванд, хафа мешаванд, дигар ба рўйи ман нигоҳ намекунанд... На-на. Ин хел ҳам нагў. Ман девона нашудаам, ҳушам дар ҷояш... Чӣ? Баъди ин девона мешавам? Баъди чӣ?
Баъди куштани бародарам? Охир ў намурдаааст, зинда аст... хоб аст... Бедор шавад, мефаҳмӣ, ки ман ўро накуштаам. Мебинӣ, ки чӣ хел бародарамро дўст медорам. Вай ҳам маро дўст медорад...
Чӣ хел дўст медошт? Магар дигар дўст намедорад? На?.. На-на!
Ман накуштаам ўро. Зинда аст, хоб аст...
Ин дафъа саг ду бор ак гуфт: «ак-ак!» Хоболуд барин. Кебалин шунид ҷаҳди дилу бедилони сагро, аммо ангезаи шағолро нашунид. Ва хомўш монда, диққат дод ва чашм чаронд, то ҳамсўҳбати овозиро пайдо кунад, касе наменамуд. Ҳатто садое, навое, шарфае набуд, ки оромиро халал расонад. Вале он пурсу посухе, ки ба гўшаш мерасид, ҳаяҷони ўро афзуд. «Овози Никомахро монад овозаш... Агар ўст, чаро худро нанамояд; пинҳонӣ сўҳбат кунад бо ман? На. Никомах бошад, баҳс мекунад: норозигиҳояшро мегўяд.
Ғами Арсинояро пеш меорад ва Мақдуниёро ёд меорад...»
— Кистӣ? Чаро хешро пинҳон медорӣ?
Садое набуд. Аз шаҳри қадимаи Ориё фарёди мурғон омад.
Кебалин донист, ки посе аз шаб гузашта, баъди се соат чашми рўз мекафад ва мушкилоташ сангин мегардад. Мурдаи бародар сарборӣ. На ба хок супорида шавад ва на сабаби марги ўро фаҳмонида. Бори дигар аз назар гузаронид атрофро. Пиндораш касе ҳаст дар наздикиҳо ва огоҳ аз сирру савдояш. Вагарна ин қадар дар андаруни ў шайтонӣ нашуда буд ва вуҷудашро ба ларза намеовард. Бардошт ҷасади бародарро, ки сард гашта буд. Акнун умедканда гашт, ки мурда будааст бародараш. Бардошт рўйи даст кўдаквор, ки нолакунон ба боргоҳ барад, вале беш аз чанд гоме бардоштаву гузошта натавонист ва мурда гўйӣ ҷон гирифта бошад, аз рўйи дастонаш шорид. Тарсида зуд бар замин гузошт осема ва сила бар рўйҳояш зад, то бедор шавад.
«Бедор шав, Никомах! Ман шўхӣ кардам... Наход сахт расида бошад гурз? Ҳушёр шав... Ман бештар аз ту донам сирру савдои ин дунёро, шоҳонро, дунёхоҳонро... Мегўям, ҳамаашро мегўям...
Агар нахезӣ, лозим меояд, ки пеши шоҳ равам, ҳамаро мў ба мў гўям... Он гоҳ на ҷони ту раҳойӣ ёбад ва на ҷони ман. Хез. Айём фаро мерасад ва муғбаччаҳои бодафурўш кўзаҳои шароб дар даст шаҳри кўҳнаву навро мегарданд: «Шароб! Шароб! Шароби арғувонӣ!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо