Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мегўянд ва бо ҳамин роҳҳо зари порсиро аз сарбозон вопас мегиранд. Бихез, эй Никомах! Ҷонам ба лаб омад, ман туро куштанӣ набудам. Он дасти Аҳриман буд, ки дасти ману гурзро бардошт... Бихез! Зўрам нарасад, ки ҷасадатро бардорам! Бехабар мондаам, ки мардак шудайӣ, бузургу гаронвазн ва солор. Ман ҳанўз ҳам туро кўдак мепиндоштам, бародари кўчаки худ. Гумонам ҳанўз ҳам пуштора мегирам, сабукӣ ва зўрам мерасад. Зўрам нарасад ҳам, эҳтироми бузургиамро мекунӣ ва ҳар гоҳ суханам буррад ба ту...»
Гўйӣ боз аз ғайб ва ё аз забони каси ноаён маслиҳате омад.
Вале равшан набуд аз кадом самт. Фир гашту ҷувозак, то дарёбад соҳиби садоро ва ё самташро муайян гардонад, пайдо карданаш осон гардад. Ба назараш аз ин наздикиҳо набувад. Ба тахминаш аз кўҳи Сўхта меояд садо:
«Сарашро бигиру ба шоҳ бубар!»
«Шайтон... Нобоб...»
«Чаро ба чунин кор даст задӣ, ки идома намедиҳӣ?»
«Иблис... нобакор...»
«Магар муродат сари бародар ба шоҳ бурдан набуд?»
Кебалин хомўш бимонд ва ёд овард, ки воқеан муродаш дигар буд: агар бародарро накушта буд, бародар ўро кушта буд. Ғазаб кард. Аввал ба соҳиби садо ғазаб кард. Тахминӣ шамшер кашид ба ў ва баъд ғазаб кард ба бародар, ки ўро нияти куш карда буд.
Ва шамшер ба сар бардошт ва дудаста зад ба гардани бародари мурда. Сари бародар парид. Вале Кебалин намедид, ки аз сару аз тан чӣ гуна ҷудогона хуни ғафси хунукшуда метаровад. Ў шояд нигарон буд, ки хуни гарму тез фаввора зада ҷонибаш пош мехўрад, либосашро лоларанг мегардонад ва шоҳиди якумраи қотилиаш мешавад. Аммо дар чунин ғояти шаб хуни тираранги монанд ба хуни ҳаромро ҳам намедид.
Ў дубора кушт бародарро, ки душмани қаттол чунин накунад.
Вале зиёд мулоҳиза накард. Гўё муродаш чунин буд, ки сар занаду сари найза бардошта тозад сўйи боргоҳ, то хуни чакони он ист накунад, хушк нашавад. Аммо хуни баста намешориду намечакид аз сари нўки шамшер. Ва қотил тез гом мезад ва гоҳе метохт, ки зудтар расад. Ба тани бесар нигоҳ накарда ва канор накашида сари бародарро бардошта чунон мерафт, ки бод бардошта мебурда бошад...
Ва ўро боздоштанд. Дидбони аввали бурҷи дижи Искандарӣ ба шитоб рафтани ўро дида «Ист!» гуфт, вале қотил ё аз тарс ё аз воҳима наистода тез рафт то дари боргоҳ ва пардадорро дами дарвоза дида бозистод, вале забони сухан надошт, ки чизе гўяд. Бо чӣ хаёлҳое то ин ҷо омада буд, ки ўро рост ба назди шоҳ мебаранд ва ҳама андешаҳои то ин дам аз сар гузаронидаро мегўяд ба шоҳ. Шоҳ ҳам раҳояш мекунад ва подош медиҳад.

пешина
аз 411
навбатӣ