Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Аммо баробари садои дидбон ва ўро боздоштани ҳоҷиб чанд тан пайдо шуда дастгираш карданд ва имкони пурсу посух нашуда ба додхона кашиданд. Аввал аз ишораҳои ў чизе нафаҳмиданд ва пиндоштанд, ки ў мақом мекунад. Ва баъд забони ў чун гўши гирифт карда якбора кушода шуд ва гуфт:
— Барои шоҳ овардам...
Аз таги воқеа огоҳ набуданд, хуб нафаҳмиданд. Ба якдигар нигоҳ карданд, ки чӣ мегўяд ин «хидматгор».
— Чӣ гуфтӣ? – пурсид сарпос ва ў такрор кард:
— Барои шоҳ овардам...
— Шоҳ фармуда буд?
— Ман бо шумо кор надорам. Маро назди шоҳ баред...
— Шоҳ хуфта, туро напазирад.
— На. Дурўғ нагўед. Шоҳ бедор аст. Дар чунин ҳолат шоҳ нахусбад.
— Дар чӣ гуна ҳолат?
— Гуфтам, ки маро назди шоҳ баред... Ман гўям ҳам, шумо нафаҳмед.
— Зарурате нест назди шоҳ бурдан. Ҳарчӣ мегўйӣ, бигўй, мо расонем шоҳро.
— На. Шумо шоҳ наед ва ман чизе нагўям шуморо.
— Агар чунин мехоҳӣ, сабр бояд бикунӣ то замоне ки шоҳ майли ҷамоли ту кунад...
— На. Дер шавад, ҷасади бародари маро сагҳо хўранд...
— Ҷасади бародари туро? Магар ин сар...
— Напурс. Чизе нахоҳам гуфт магар шоҳро.
Онҳо боз ба якдигар нигаристанд ва намедонистанд чӣ бикунанд. Маълум буд, ки дўстони хоса дар ҳузури шоҳанд, вале огаҳ набуданд, ки онҳо чӣ кор мекунанд.
Сарпос дер истоду гўш андохт паси дар, оромӣ дарёфта, пиндошт дўстон рафтаанд. Чун аз дарбони пушти дар донист, ки шоҳу дўстонаш андар толоранд ва то ҳол баҳс доштанд, нохун зад дарро. Садое наомад. Боз нохун зад ва сурфид, ки агар шоҳ бедор бошад аз ин одаташ сарпосро шиносад.
— Бифармо! – садои паст омад ва сарпос донист, ки табъи шоҳ ноҷўр аст ва майл ба ҳар касу ҳар чиз надорад. Бо вуҷуди он дарро нимроғ карда сар халонд ва фармуд:
— Пўзиш аз шоҳ!
Чун шоҳ ин одати сарпосро медонист, ки «пўзиш»-у «омурзиш»-у «бахшиш»-ро махсус ба кор мебарад, гуфт:
— Бифармо!
Сарпос чизе нагуфта пеш омад ва ба чизе нигоҳ накарда, сар фарогўши шоҳ оварда ба овози пасту ларзон фаҳмонд:
— Мақдуние сари шамшер сари одам дорад ва «барои шоҳ овардам» мегўяд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо