Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Хомўш монд шоҳ Искандар. Хеле мулоҳиза кард ва бо ҳамон садое, ки сарпос гуфта буд, пурсид:
— Аз куҷо донӣ, ки ў мақдунист?
— Аз шевааш...
— Биоваред!
Садои охирини шоҳро ҳама шуниданд. Сарпос сухани итоаткоронаи аз порсҳо омўхтаашро гуфт: «Ба чашм!» ва тез рафта, зуд баргашт. Аз паси ў ҷавони жўлидамўйи дастонаш оғушта ба хун сареро сари шамшер гирифта баландтар аз сари хеш дошта, бо тарсу ҳарос гом мебардошту пой мегузошт ва шубҳае дошт, ки саломат аз боргоҳи хоса бурун ояд. Пештар омад ва сару шамшерро ба шоҳ дароз кард. Вале шоҳ рағбат ба сару шамшер накарда пурсид:
— Ин сари кист?
Шоҳ посух нагирифта, Кебалин каловиду афтид ва сару шамшер париданд аз дасташ. Сар то домани тахт ғелида, хун гиронд мафрашро. Ҳама ба шоҳ нигаристанд, то чӣ фармояд. Шоҳ низ дар шигифт шуд ва китфон дарҳам кашид:
— Мешиносед?
— Ин аз сарбозони пиёдагард бошад... – посух дод Кен.
Искандарро хоби дида ёд омад, ки мўрон пиёдагонанд. Ва сарпосро фармуд пизишкро пайдо кунад. Сарпос рафту дер омад.
Аз табиб низ дарак набуд ва шоҳ ба танг омад. Кен аз ҳаяҷони зиёди шоҳ безобита гашта майи соғар ба рўяш пошид ва бўйи тези шароб ба димоғаш расида, ҷунбид ва то омадани Димитриуси табиб чашм кушод. Ва онҳоеро, ки тори сараш истех буданд, аз назар гузаронд, вале чизе гуфта натавонист ва дер чашм дўхт Искандарро.
— Сари киро овардӣ? – хам шуда пурсид шоҳ.
Кебалин чашм дўхта буд ба шоҳ ва посух дода наметавонист.
Ҳамин қадар тавонист, ки бо ангушт хешро нишон диҳад.
— Сари худат?
Ў тасдиқ кард ба ишораи сар. Ва шоҳ қоматашро рост карда гуфт:
— Девона шудааст.
Ў тез-тез миҷа зад, ки девона нашуда, балки ҳушу забони сухан надорад. Ва даст дароз кард, то бардорандаш.
Бардоштанд. Ба дунба нишаста ва пойҳояш дароз буданд. Чашм чаронда чизеро меҷуст. Сари ба пойгоҳи тахт ғелидаро дида, дида бозгирифт ва сар андохт.
— Ин сари кист? – пурсид шоҳ ва ў якбора ба забон омад.
— Ни-ко-мах...
Номи шинос буд шоҳро ва чанд муддат аст, ки андар забони фолбинҳо ва дўстон бувад ин ном.
— Никомах? – тааҷҷуб кард шоҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо