Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Бале, шоҳ! – посух дод Кен ва дигарон тасдиқ намуданд:
— Ҳамон Никомахи овозадор.
Ва Кебалин ҳайрон монд, ки бародараш машҳур будааст, дар бораи ў андеша доштаанд ва чаро кушт? Як-як нигарист ба онҳо ва майли хестан кард. Димитриус мадад кард ва ў ба по рост шуд.
Гом заданӣ буд, аммо мадор надошт ва пойҳояш меларзиданд.
— Тарсидааст. – гуфт ба шоҳ нигариста ва боз ба ў зеҳн монда пурсид: — Аз чӣ тарсидӣ?
Кебалин ба сари хунолуди пойгаҳи тахт нигарист ва Димитриус низ сарро дида, хеле ба шамшери хунолуди рўйи фарш чашм дўхта, воқеаро хуб надонад ҳам, гуфтаашро бори дигар такрор кард:
— Сахт тарсидааст.
Пас як соғар майро дод, то ошомад. Ў бода ба сар кашид ва хеле сукут варзид ва худро пеши пойи шоҳ андохт. Бардоштандаш ва такя ба сутуни толор дода нишонданд. Ва ў сархам буд ва дуздида – дуздида ба шоҳ менигарист.
— Гуноҳат кабира? – пурсид шоҳ ва Кебалин ба ишораи сар тасдиқ кард:
«Кабира.»
— Бигўй, чӣ ҷурме дорӣ?
— Бародарамро куштам...
— Бародаратро? Ин сари бародари туст?
— Оре, шоҳ...
— Ва чаро куштӣ?
— Ба хотири шоҳ.
— Чӣ-ӣ-ӣ?
— Барои шоҳ.
— Чаро? Чӣ мурод дорӣ?
— Агар шоҳ имкон диҳанд, дар танҳойӣ гўям.
Ба имои бурут ва нигоҳи шоҳ ёрон танҳо гузоштанд онҳоро.
Шоҳ нигарон буд, ки ў чизе мегўяд беихтиёр, аммо Кебалин азоб мекашид дар гуфтан. Искандар имдод намуд:
— Хўш?
— Онҳо маро азоб доданд шоҳ, ки шоҳро қасди куш кунам.
— Киҳо?
— Бародарам Никомах, Лимн ва чанд тани дигар, ки номашонро намедонам...
— Бояд донӣ... Файлотус. Аминта?
— На шоҳ, дурўғ гуфтан чӣ лозим, ман онҳоро надидаам.
— Ман чӣ бадӣ кардаам ба онҳо, ки маро мекуштаанд?
— Сабабашро нагуфтанд. Аввал кушем, баъд маслиҳат мекунем, гуфтанд.
— Ва ту чаро розӣ нашудӣ?
— Чӣ хел розӣ шавам? Шумо шоҳ, шумо писари Худо.
— Ту аз куҷоӣ, порсӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо