Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— На. Ман мақдунӣ ҳастам.
— Шумо-шумо гуфтанро аз куҷо омўхтӣ?
— Аз эрониён. Маро писанд аст шоҳро чунин эҳтиром кардани онҳо. Ва шумо шоҳи хурд нестед, ки мисли кўдак ҳама «ту-ту»
гўянд.
Искандар диққат дод, ки Кебалин кушода шуд, ўро ситоиш карду шерак:
— Ҷавони аҷиб метобӣ. Ба чӣ мурод сари бародаратро гирифтӣ?
— Гуфтам, ки ба хотири шоҳ...
— Ин як тарафи масъала... Лекин бояд боз ягон чиз бошад...
— На. Тарафи дигар надорад. Онҳо мегуфтанд, ки шоҳро нобуд карда зуд ба Мақдуниё баргарданд. Ман мегуфтам, ки шоҳро кушта мо ба ҷое намерасем. Шоҳро нобуд кунем, ҳамаамон нобуд хоҳем шуд. Зеро сиёсати Искандар моро зиндаву пирўз медорад...
Ва онҳо шўриданду ғазаб карданд, то ҷое ки номи ман «хоин»
ва маро душмани хеш донистанд; баногўшӣ карданд, ки баъди чунин ҳарфҳо набояд ман зинда монам...
Аҷаб омад Искандарро, ки ў рост мегўяд ё мебофад? Душманӣ дорад дар либоси дўстӣ ё нағма мекунад. Норавшан. Вале аз назари шоҳ Искандар ба ў бовар кардан ҳам мумкин, бовар накардан ҳам.
Дарозо мулоҳиза кард шоҳ Искандар ва фикре ба сараш зад:
— Чӣ хидмат кунам?
— Ҳеҷ...
— Охир ба хотири ман бародаратро куштӣ. Ҳама чизро пайдо кардан имкон дорад, аммо бародари мурдаро зинда гардонда нашавад.
— Бародари ман одами бад набуд, аммо надонистам, ки чаро якбора бо душманон дўст шуд. Зидди шоҳ шўридан хост... Ман ўро куштанӣ набудам. Ў аз ҳад баланд рафт. Ақидаҳоямон рост наомад. Ўро намедонам нисбати ман чӣ кор мекард. Вале ман напазируфтам, андешаҳои фиребои ўро.
— Хайр, намекуштӣ...
— Ман накушам, ў мекушт...
— Гуфтӣ, ки намедонӣ, чӣ андеша дошт?
— Рост. Намедонам чӣ андеша дошт, аммо муомилаву гуфтушунидамон то ҷое мерасид, ки бояд якдигарро бикушем. Вале ман пешдастӣ кардам. Зеро донистам, ки дигарон ўро дастихуши рўзгори нохуш карданианд; ҳам ўро қурбон кунанд ва ҳам маро.
Зеро дар вуҷуди Никомах бод афзунтар буд ва ў бо саҳл ангеза оташ мегирифт ва метавонист ҳамаро расво гардонад. Дигар ин ки ман ҳамту ба назди шоҳ омада наметавонистам.
— Чаро?
— Намегузоштанд...
— Кӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо