Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Ҳам посбонон, ҳам сўиқасдчиён.
— Аҷаб.
— Аҷаб метобад. Лекин то назди шоҳ расидан кори осон набувад. Аввалан ман ба ҳар кас ин чизро гуфта наметавонистам, дигар ин ки касе ба суханони ман бовар намекард ва донанд, ки ман ба боргоҳ омаданиам, сўиқасдчиён ё маро дар нимароҳ дошта чаҳорлахт мефармуданд ва ё...
— Ту ҳанўз ҳам меларзӣ.
— Охир ин кори шўхӣ аст? Муқобили шоҳ бархостан, муқобили мамлакат ангехтан нест? Баъд шумо шоҳи як мамлакат нестед...
— Хуб, ту осуда бош, ором бош, ҳамааш нағз хоҳад шуд.
БАНДИ ПАНҶУМ
Шоҳ Искандар ба Кебалин бовар накард. Дурўғ донист. Макр пиндошт. Чунон вонамуд, ки ин чизҳо барояш аҳамияте надоранд. Вале чун Кебалинро ба дигар ҷо бурданд, ларзаи тани ў ба вуҷуди шоҳ гузашт. Ҳаросид. Намедонист ларзаи андомашро чӣ гуна рафъ гардонад. Оҳиста-оҳиста гом зада бар тахт омад ва нишаста, нақша кашид, то чӣ корҳо кунад. Он қадар фикраш тез кор мекард, ки аз чӣ оғоз кардани корро намедонист. Киро хонаду пурсад, то суханони Кебалин тасдиқ гардад. «Бовар бикун, шоҳ, Кебалин дуруст мегўяд». Садои ғайбии Барзин буд ва шоҳ баргашта нигарист ба дар ва ба дари ҳарам, вале касеро надида, ҳайрон монд. Дер нигарист, ки шояд Барзин дарояд, пайдо нашуд.
Боз мулоҳиза кард. Ҳамин лаҳзаҳо Искандар шоҳони дурандешро мемонд, ки ба табиат ё феълу атвори ў хосу мос набуд. Ўро бе ҳеҷ мулоҳиза ва андеша ҳукм баровардан одат шуда буд ва ҳолиё дар бораи душман шудани дўстонаш андеша дошт. Чанд муддат, ки пайи ҳам аз ин хусус меоранду ў мешунавад, дудила мешавад.
Хурўсон бори саввум фарёд заданд. Дарак аз фарорасии рўз медоданд. Аммо шоҳ Искандарро хоб набуд ва намехост рўз шавад.
Зеро ҳоло ба хулосае наомада буд ва намедонист чӣ мешавад....
Ҳамин қадар равшан гашт, ки дўстон душман будаанд ва илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ бояд кард. Вай аллакай дар хаёли тезу ҳушу ёдаш чандин бор тарҳу нақша кашид, ки душманонро аз бистари хобашон бардошта биоранд. Вақт имкон намедиҳад. То маслиҳату машварат мекунанд ва то ҳамаро дастгир карда меоранд, ки рўзи равшан мешавад, миёни лашкару лашкариён овоза гашта, гунаҳкорон пешомади хешро яқин карда ба ҳар сў мегурезанд ё чун Никомах нобуд мегарданд; сирру савдо зери парда мемонад. Ларзаи каме бозмонда аз нав хурўҷ кард. Ба назараш на ў, балки тахт меларзид. Ва пиндошт тахт бегона аст. На чуноне ки ўро ба тахти шаҳри Пеллаи Мақдуниё устувор ва боварибахш нишонда буданд. Ҳол он ки ин тахти сохтаи худаш аст. Шояд айби тахт набошад, балки мулк бегона бувад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо