Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Баръакс дашнабадаст кашидашикам ва барбаста метофт ва чашмонаш аз ҳадақаи ниқоб зинда, шўрида ва теғкашида менамуд. Ҳайрати ҷаллодро меафзуд:
«Кистӣ? Бигўй, то бенишон наравӣ...» – аз хиҷолат ё аз тарс оҳиста такрор кард ҷаллод. Ниқобпўш миёни лабу дандон чизе гуфт ба дашном, аммо ҷаллод нашунид. Ва баландтар афзуд:
«Бенишон туйӣ ва шўрбахт туйӣ, ки Коллисфен ҷуз теғу панҷаи хунинат чизеро тасвир карда наметавонад. Сурати рўсиёҳат дар саҳифаҳо нақш шудаанд.»
«Шинохтамат... Аз овозат шинохтам ту рўсабиро. Дигар раҳойӣ надорӣ аз чанги аҷал. Хуношомиро инак хоҳӣ дид. Вазифаи ман
1 ин аст. Барои ҳамин ба дунё омадаам, ки ту барин гаргинҳоро аз миён бардорам, замону маконро аз шумо нопокон тамиз кунам.»
«Магар ман низ чунин нагуфтам, ки дасти ту мудом оғишта ба хун бошад?»
«Ай, рўсабӣ! Ман ки аз пеши худ сар нагирам касеро. Ман ҳукм ба ҷо орам. Ва беҷурмтар аз ҳама ман бошам, ки ба нияти бад касеро накуштаам. Ва ҳолиё бо амри шоҳ ба майдон омадам, то сари ту бубарам ба ў.»
«На, ту натавонӣ ин корро кардан. Сар буридану сар бурдан аз дасти ман ояд. Ва ин корро ба ифтихори шоҳи оламгир ман кардаам. Хуб буд, агар ин ишора маро мекард шоҳ, то сари ту бубарам. Ҳолиё бирав ва бипурс, ки ба ивази сари ман шоҳ чӣ диҳад туро? Ва ман даҳчанди он диҳам туро.»
«Ту шаккок ва кўрнамак кистӣ, ки чунин беҳурматӣ кунӣ шоҳро? Магар натарсӣ, ки шоҳ Искандар гуноҳи кабираро биомурзад, агар дилаш нарм бошад ва баръакс гуноҳи сағираро набахшад, агар сангдил бошад. Ту магар надонӣ шоҳи моро?»
«Хубтар аз ту донам... вале ҳоло мавриди чунин гуфтор нест, балки ў нигарон бувад сари хунолудро. Ва ту ҷаллодӣ. Чашмдорӣ подоши шоҳиро.»
«Сар гирифтан касби ман аст ва барои он подоше чашмдор нестам.»
«На-на! Бирав, бипурс... ва гар нафаҳмид, бифаҳмон, ки сари асилзода қимате беш дорад, ки ганҷи хазинаи шоҳии Мақдуниё нарасад.»
«Худ бирав, ин таъна шоҳи мақдуниро бигўй, то чӣ кайфар барӣ...»
«Кайфар насиби туст, ҷаллод! Ва ту нони хунин хўрдайӣ. Мани асилзода нозгунҷу нозпарвард будам ва ба касе дасти ниёз пеш набурдаам...»
- Гаргин – моли қўтур, хоришакдор ва таги қўтан монда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо