Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва суст шуданд ҳарду. Вале гирд мегаштанд чун мурғони ҷангӣ бол кашол кардаву ён дода. Ва гўйӣ ба зўри нигоҳ мағлуб сохтанӣ буданд якдигарро.
«Рух бинамо, то бенишон наравӣ.» – такрор кард Ҷаллод.
Ҳамагон хомўш буданд ва нигарон ба ҷанги хурўсонаи ду тан. Одатан ба тамошои тан ба тани сагон, хурўсон ва буққаҳо шавқманд буданд ва онро бозӣ мепиндоштанд, ки яке дигареро то гурезонидан ва ё то куштан зўрӣ мекард. Ин замон вазъу ваҷоҳат ва майдондории ҷаллод ва як тани ноошно зиёд мароқангез буд ва тамошобинон ҳам пархош диданӣ буданд, пирўзро донистан мехостанд ва ҳам ниқобпўшро шинохтан.
Бештар шоҳ Искандар ҳайрон буд, ки ин ниқобкашидаи шуҷоъ кист, ки ба унвону номи шоҳ сақат мегўяд ва бо дашна муқобили шамшери ҷаллод меистад?
«Бигиред!»
Фармони шоҳ буд. Аммо касе ҳаракат надошт барои ўро гирифтан. Карахт буданд. Ниқобпўш низ сокит монд ва илоҷе наёфта, батамкин ниқоб аз рўй бардошт ва фармуд:
— Ин манам... Александри Линкестидӣ. Он сарҳое, ки шумо дар бағал гирифтаед, сарони ду бародарони ман бувад. Ман сар гирифтам онҳоро. Ва шумо имрўз онро намоиш медиҳед, масхарабозон, ки аз дасти шумо сарбурӣ меомада бошад. На-а-а! Шуморо ба масхарабозӣ монанд. Аз дасти шумо бало наояд. Ва шумо аз тарси он ки шоҳ пўстатон надаронад, мегўед, ки ў сипаҳсолориро ваъда карду надод. Дурўғ! Тўҳмат назанед! Ман аз шоҳ чизе талаб накардаам! Ва шоҳ маро чизе ваъда надодааст. Эҳтиёҷ ҳам нест.
Ман шоҳро гуфтам, ки ба ифтихори шоҳи ҷавон ин корро кардам.
Вале ҳолиё мегўям, ки ба хотири Мақдуниё буд сар гирифтанҳои ман. Ман гумон надоштам, ки Мақдуниёи азиз аз ёдҳо меравад ва мо дар оворагиҳо чун гадо мурда меравем; ифтихор аз мулки бегона мекунем; ва мешавад, ки чун мани бехирад, боз бародарон сари бародарони хеш меоранд ва ба чашми шоҳу «дўстон» менамоянд, то биандешанд аз фарҷоми кор. Худкушиву бародаркушӣ то куҷо расонад моро?
Ноором гашт давра. Шоҳ Искандар хашм гирифта буд. Оташангезон ба оташи ғазаби шоҳ равған рехтанӣ шуда сина медамониданд ва сўйи ҷаллод фарёд мезаданд:
— Бизан!
— Шамшер дорӣ, нобакор, биандоз!
— Дунимаш бикун!
— Он кўрнамаки бародаркушро сар бизан!
— Оне, ки сари бародар ба хушомад оварда, магар ба касе некӣ кунад?!
— Гардан бизан, ҷаллод!!!

пешина
аз 411
навбатӣ