Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва беҳуда менамуд ин ҳама садову фарёдҳо. Касе ҷуръати ба майдон даромадан надошт, балки нигарон буданд, ки ба чӣ анҷомад ин хурўсҷанг. Ҷаллоди фаҳўлро арақи тарс пахш карда буд ва ҳар замон шамшер ба ҳаво меронд, ки тани гарм дорад, вале пеш намерафт. Ҳариф ханҷари кўтоҳ рост мекард гоҳ сўйи рақибу гоҳ бар синаи хеш ба таҳдид, ки ё туро мекушам ва ё худамро.
Баногоҳ як гўшаи даврагирифтагон ба ҷунбиш омад. Онҳое, ки ҳоло андар паси сари Александри Линкестидӣ буданд, китф зада, пеш омадани касеро дида, якёна гашта, роҳ медоданд ва чашмдор буданд, ки ў чӣ мекунад. Як ҷавонмарди қоматбаланди зардина ва малламўй ба майдон омад ва тез рафта Александрро оғўш кард. Ва боз садоҳо боло шуданд:
— Лимн! Лимн!
— Офарин!
— Сахт биқап!
— Раҳош накун!
— Бикуш бародаркушро!
— Шоҳ Искандар кайҳо бояд сараш меканд!
Ва Александр рўйи ўро надида, аз гўйишҳои тамошобинон донист, ки Лимн ба хотири чизе чунин рафтор мекунад. Сар тофта, ўро диданӣ шуд, натавонист ва миёни лабу дандон ғуррид:
«Туро нахоҳам фурўхт. Раҳо бикун маро...»
«Чун ту сайёдони беҳунар чунин рафтор мекунанд... Вале ман сайёде ҳастам, ки пўсти хирси шикор накардаро нафурўшам.»
Лимн чунон гирифта буд, ки Александр наметавонист дашна бар хеш занад ё ба оне ки амалиёти ўро халалгор мешавад. Вале кўшиш дошт теғ занад.
Шоҳ Искандар хеле ба ваҷд омада буд ва намехост яке аз онҳо бимирад.
«Зинда гиред...»
Паст буд садо, вале ба гўши Александр расид. Зўр мезад раҳо ёбад аз дасти «дўст».
«Ту сабуксорӣ, Лимн. Ҳам худро нобуд месозӣ ва ҳам маро.
Гумон накун, ки шоҳ Искандар гуноҳи туро мебахшаду маро сазо мефармояд! На. Ҳар дуямонро дар ду паҳлўи дарвозаи шаҳр чормех мекунад, то мардум дида ибрат гиранд...»
«Ба гумони ман ў маро нахоҳад кушт...»
— Хоҳад ку-у-ушшшт!!!
Садои баланди Александр ногаҳонӣ буд ва гўё ҳамаро аз ташвишу амалиёт боздошт. Дасти Лимн низ суст шуд, вале ҳанўз медошт ва Александр теғ зад... Дасти халалдори Александр ба сари дили Лимн нарасид, балки кўтаҳӣ кард ва теғи раҳгум рост ба паҳлўи синаи чапи худаш бархўрд ва ў теғро бозгирифта натавониста, қабза аз дастаи дашна суст кард, ки бар танаи Лимн лағзида, садо медод паст:

пешина
аз 411
навбатӣ