Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Ин манам, Александр... Линкестидӣ...»
Лимн гўё тани нимбисмили ўро дошта натавонист, балки раҳо кард, ки зудтар ба замин бархўрад, то ў илоҷи раҳоии худро пайдо кунад. Чашмаш афтид, ки дўстони шоҳ метозанд ҷониби ў. Ба гўшаш расид «зинда дастгир бикунед!» мегўянд. Ва ў хам хўрда ханҷари сари синаи Александрро гирифт, таҳдид кард ба оне ки аввал расида буд. Вале чун дид, ки дигарон низ мерасанд, илоҷи раҳойӣ намемонад – роҳи гурез нест, дашнаи хунолуди Александрро бар синаи хеш зад.
Искандар билкул ҳушёр шуд ва бо ғазаб дастак зад:
— Шуморо гуфтам, ки зинда гиред! Нобакорон! Ноўҳдабароён!
Вале касе чизе нафаҳмид аз чунин саҳнаи фоҷиъа. Намоишкорона худкушӣ кардани ду нафар мақдунӣ ба сари шоҳ намегунҷид ва хаёл мекард, ки баъди ин ҳама мақдуниён пайи ҳам худкушӣ мекунанд ва нафаре сабаби чунин рафторро намегўяд; баъд қол мебурранду миш-миш мекунанд, ки чаро худкушии ом шуд. Боз фоли Барзину сарраммол пеши назараш меояд ва шоҳ яқин мекунад, ки ба чашми мақдуниён бад метобад ва илоҷе мебод. Чанд гом зад, то бинад, ки онҳо зиндаанд ва чашм пўшидаанд.
Ҳар ду пасрў афтида буданд. Чунон метофт, ки нигоҳ ба якдигар мекунанд, аммо маҷоли сухан надоранд ва зўри ҷунбидан низ нест. Зеро равонашон меравад ва нафас суст мегардад; чунон ки мурда ва ё зинда буданашон аён набувад. Ба ҳасрат ва ё нафрат ба ҳам менигаранд, равшан нест. Зеро зўри нафрат намонда, як нигоҳи маъсумона, пўзишталабона ва пушаймонона ба назар мерасад; шояд аз бемадорӣ бошад. Мисли ду кўдаки ранҷур, ки ҳанўз ба гуноҳ лоиқ нашуда ба дарди бедармон мубтало гашта бошанд ва донанд, ки умеди зиндагӣ нест, аммо гуфта натавониста, танҳо нигоҳи бемадорона кунанд. Нигоҳашон на барои он аст, ки мадад кунанд ва боздоранд аз сафари он дунё, балки ноилоҷанд. Он ду тан низ медонанд, ки касе кўмак карда натавонад, касе аз ин роҳ бознагардонад, зеро дер шуда. Аммо садои шоҳ боло мешавад:
— Боздоред! Зинда гардонед! Онҳо лозиманд! Ҷуз он ду тан сабаби чунин масхарабозии хунинро касе надонад! Ҳакимон!
Табибон!!!
Ва айши базмиён талх шуд. Ҳанўз садои чир-чири гетерҳо меомад, ки тарсида буданд аз чунин саҳнаи ғайричашмдошт.
Онҳо дастон ба рўй кашида пинҳон мекарданд чашмони хешро, то набинанд. Бисёр мурдаҳоро дидаанд, аммо хандида, завқида ва хушнудона дар базму айш мурдани одамонро надида буданд.
Ҳанўз ҳам хун мезаҳад аз сари синаи онон ва чун тифлони бекасу кўй ғарибона менигаранд ба ҳам; на дашному нафринашон равшан аст ва на лобаву зориашон. Вале нигоҳи ҳасрат доранд ва чизе мехоҳанд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо