Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳакимон, пизишкони низомӣ, табибони халқии бо хости шоҳ
Искандар омада гирд гирифтанд маҷрўҳонро. Димитриусу Филипп сар меафшонданд ва Искандар мушоҳида мекард, ки афсўс мехўранд онҳо. Инчунин ишора мекунанд шоҳро, ки умеди зиндагӣ намонда. Ҷомаҳо дарида диданд, ки теғ ба дил расида ва умеди зиндагӣ бурда.

БАНДИ ШАШУМ

Файлотуси писари сипаҳсолори афсонавӣ Пармониёнро гоҳе аз бистари хоб бардоштанд, ки шаҳр хуфта буд бо сипоҳу сипоҳиёнаш. Андар шаҳраки Искандарӣ шаҳриёр бедор буд ва мунтазири касони фармудааш, ки бояд меоварданд сўиқасдчиёнро. Аввал Файлотусро оварданд. Гўйӣ ҳама ҷо хомўш буд ва касе огоҳ нагашта аз кирдор. Баъд Никонори бародари ўро оварданд. Сипас Иоллаи писари амини мақдуниё Антипатрро ба сар тўбра кашида оварданд. Ва Аминтаро, ба даҳон латта пахш карда. Онҳое ки медонистанд имшаб шаби фоҷиъабор буд ва онҳое ки хуфта буданд, қатори мурдагон бехабар монда. Чирчиракҳо бедор ва садои якнавохташон асаби шоҳро сўҳон мекунад. Гарчӣ мағзи ў садои занги торҳои асаб дорад, овози малахҳои сиёҳ пахш мекунад садои торҳоро ва шоҳи шабрав медонад, ки дар ин ғояти шаб мағзи сараш хуб кор мекунад ва хаёлу пардозаш боло мегирад.
«Боз кӣ монд?»
Ин пурси шоҳ барои касе набувад, барои хештан бувад.
Ва бояд бидонад, ки монда кист. Вале ў хашм дорад ба ҷаллоди беҳунар ва он чӣ Александри ниқобпўш дар ҳаққи ў гуфт, дуруст аст. Ва шоҳ намедонад, фардо чун маънидод кунад ин ҳамаро.
«Боз?»
Касе посух намедиҳад ба пурси бесадои ў, вале зиёданд онҳое ки бояд биоваранд. Қариб нисфи сипоҳ. Аммо шоҳ ин корро накунад, ки бало ангезад ба сари худ.
Онҳоеро ки меоранд, ҷудогона дар ҳар хона мегузоранд, то аз фоҷиаи якдигар огоҳ нагарданд. Аммо онҳо аз кирдори Лимну Александри Линкестидӣ яқин мекунанд, ки шоҳ огоҳ гашта аз ҳама сирру савдо. Аз сари буридаи Никомах ва пинҳон доштани Кебалин пайдост, ки Искандар сипоҳро чаппароста мегардонад...
Ва аммо шоҳи мақдунӣ нақша мекашад, то ҳама ҷурму гуноҳ ба гарданаш бор нагардад. Вале чун аламаш меафзояд аз кирдори нобакоронаи «дўстон» мехоҳад ҳамаро танҳо ҳаллу фасл гардонад. Вале чун норозигӣ зиёд аст миёни сипоҳ, бавижа мақдуниён рў аз шоҳи бегонапараст гардонидаанд, намехоҳад мақдуниён домангир аз ў шаванд.
«Боз кӣ? Биоваред он нобакоронро, кўрнамакҳоро, ҷоҳталабонро... Биоваред, ман ба чашми онҳо нигарам, ки чӣ қудрат, чӣ нанг, чӣ номус доранд!

пешина
аз 411
навбатӣ