Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ва Мақдуниёро то куҷо дўст медоранд?
Бидонед, ки онҳо Мақдуниёро ҳеҷ гоҳ дўст надоштаанд ва дўст нахоҳанд дошт. Ба куни гўзин баҳона орди ҷав. Онҳо беномусонанд, иғвогаронанд, нокорҳо, нодорҳо... Онҳо дар ҳар давру замон ҳастанд, ки ба чанд тани бефарҳанг хешро нишон додан мехоҳанд ва бо ҳавои даҳан дунёро воруна карданӣ мешаванд. Демосфени юнонӣ ҳам ба баҳонаи «демократия» мардуми юнонро ба по хезонд. Инҳо низ тушбераро хом шумурдаанд. «Демократия» дар ҳама давру замонҳо баҳонаест барои балвои бекорон. Чунон ки ҳолиё бошад. Моҳест, ки афсарону сарбозон мехўранду мехуспанд, бекорӣ ба дилашон зада ба иғвогарӣ шуғл кардаанд, чун дасташон ба кор расад, ҳамаро фаромўш хоҳанд кард....»
«Сипоооҳ, саф бикаш!» – миёни андешаҳо ба сараш меояд, ки сипоҳро ба майдон саф ороста пасон мақсад рўшод мекарда бошад. То ҳадде коре, ки фардо бояд бикунад, ҳолиё аз сар гузарониданист.
«Ҷаллод Аминтаро бигир! Сараш бигир! На. Ту на! Ту Қирёс на! Ҷаллод бояд дигар шавад... Файлотусро бипурс, ки чӣ мурод дорад. Магар ба хуни падар хун ситониданист? Ё шоҳ шуданист?...
Лимнро чӣ нарасида буд? Хайр... Дар ин хусус андеша набояд кард. Ў аллакай забон газида. Чаро онҳо куштанд худашонро?
Магар асроре ҳаст?...»
Ва шоҳ Искандар тезтар аз фикраш аст ва фикраш тезтар аз хунаш. Гом мезанад андар толори пазиро танҳо ва тасмим гирифта ки ҷондор, посбон ва дўст надошта бошад. Андешаҳо яке дигареро пахшу зер карда, ўро тезвир мегардонанд ва ҳавои хона гулўгир ва фазояш тангу дилгир метобад ва ў бо ҳамон шасте, ки гом мезанад ва тезие, ки андар хунаш ҳаст, баромада, худ рафта амалиёт гузарониданист. Аммо дарҳои баста роҳ намедиҳанд ба рафтанаш.
Ва Кратер дами субҳ бо иҷоза наздики шоҳ омад ва ҳисобот дод, ки аз фармудаҳо ҳамаро овардаанд ва рой шоҳрост, то чӣ бикунад.
— Посбононро бовар набошад. Шояд онҳо низ дандон дошта бошанд шоҳро ва гурезонанд бандиҳоро. Бар посбонон рўзбоне бигузор ва пардадоронро бифармой, то ҳушёр бошанд. Бирав, бихусб то офтобзард. Чун рўз фаро расад, гўям, ки чӣ бояд бикунем...
Ва рўз шуд. Шоҳи шабзиндадор нахусбида рўз шуд, аммо андешаҳояш анҷом напазируфт. Ҳарчанд сар мешикаст, ба таги он намерасид, ки чаро Александри Линкестидӣ чунин рафтор кард: ҳам бародаронро сар гирифт ва ҳам хешро нобуд сохт: «Аблаҳ мо низ бародар куштем, вале чун ту беҳадафона на. Нишон буд, мақсаду мурод буд; роҳбару раҳнамо доштем... ин чӣ сагвор куштану харгўши тарсу барин мурдан? «Ин манам, Александри Линкестидӣ!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо