Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфтан куҷову теғ бар хеш задан куҷо? Искандар аз Қоф то Қофро гирифт, вале боре нагуфт: Ин манам – Александри Мақдунӣ!.. Хокаш аз хоктўдаи паст. Сари бародаронро овард, пиндоштам каси дуруст ва бо ору номус бошад. Ба хотири Мақдуниё чунин карда бошад... Вале аён гашт, ки ғарибтар аз мусича, тарсутар аз харгўш будааст. Ниқоб ба рўй кашида пеши афсару сарбоз баромадан нишонаи нокасист. Мард дар пўсти дигар ҷилва накунад. Тарсу, номард, занмиҷоз бо ҳиллаву найранг умр ба сар барад... Охир чӣ зарурате дошт, ки сирату сурати зишти хешро аз саҳна намойӣ? Ай рўсабӣ! Туро дониста будам, ки ақлбохтайӣ, фазлфурўшӣ, нобародарӣ, ватанфурўшӣ... ба саҳл муомила Офтобнамоят Офтобнишин гардад, аммо на чунон ки кардӣ. Он гоҳ дониста будам, ки андар маҷлиси аввал ҳамаро бохтӣ... Сари бародарон овардӣ, ки нуфуз ёбӣ. Аммо шинохта будам туро: бо бародарон чӣ кардӣ, ки бо Искандар кунӣ. Мурғе ки пар меканӣ, Искандар кушта буд... Ҳама кўшишҳои баъди пушаймониатро дониста будам ва туро амале набахшидам. Зеро муродатро медонистам. Онро медонистам, ки дар саҳна намудӣ. Бо душманонам пайвастӣ, намоишномае сохтӣ... Аҷаб буд. Андар ғору мағоку вартаҳо шуда буд чунин кушишҳо; аз барои нафсу моли ҷаҳон.
Аммо нахонда ва надида будам, ки кас хешро бо тантана назди ҳазорон теғ зада бошад... Ситеза ба кайк карда пўстин сўхтан камоли зоғсорист...»
— Артиши мақдуниро радда ороед!
Ин хитоба аз байни андешаҳои зиёд ба забон омад, вале баъди зӣ-зӣ садо додани баъзе олотҳои мисиву биринҷии толори пазиро Искандар ба худ омад, ки киро гўяд. Баъд донист, ки асари бехобист; мағзи сараш зӣ-зӣ мекунад. Гўё хушк гашта мағз ва охирин қобилияти он воқеаҳоро омехтаву махлут мегардонад ва ончунон берабту тез ва пора-пора аз пеши чашмаш воқеаҳо, ҳодисаҳо, сурату симоҳо сипарӣ мешаванд, ки ў наметавонад якеро боздошта сўҳбат кунад, сабаб пурсад ва ё танбеҳ бидиҳад.
«Кратер!»
Ҳамин қадар тавонист садо дардиҳад; паст ё баланд буданашро ҳам намедонист ва ё хаёлӣ буданашро низ фарқ накард. Аз он ки касе ба дар наомад, посухе ба садо набуд, яқин кард, ки дар андаруни худ гуфта будааст. Гом зада омад беихтиёр то пояи тахт ва дида нимкофу хуморӣ нишаст бар маснад. Аммо намедид ва намедонист, ки чӣ хунгирифта буданд чашмонаш.
Хоб рабудаш. Вале миёни мижгонаш уфуқ хунин ва офтоби сўхта оламро хунин гардонида буд.
Ғанаб карду бедор шуд. Ҳама ҷо ором метофт. Ба назар олам хуфта буд ва асабу вуҷудаш осуда. Гўё фароғати зиёд карда, баъди хоби шаборўзӣ орому осуда гашта, бедор шуда бошад. Ёдаш омад, ки Кратерро хоста буд, аммо дар ин муддати тўлонӣ пайдо нагаштааст.

пешина
аз 411
навбатӣ