Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд мушкилоте пеш омада бошад.
«Кратер!»
Садои баланду боизтироби шоҳ ҳамаро ба ташвиш овард ва сарпос пештар аз ҳоҷиб дарро боз карда сар халонд:
— Кратер куҷост?
Сарпос посух нагуфта чун сангпушти тарсу сар фурў кашид ва Кратер оне нагузашта дарро боз карда даромад.
— Куҷо будӣ? Магар вақти шаборўз ғайб задан аст?
— Чӣ гуна шаборўз, шоҳам? Ҳамагӣ чанд соат пеш рухсат шуд, ки роҳат бикунам, аммо ман паси дарам, ки шояд шоҳ нақша дигар кунанд.
— Ҳамонанди ту нест Кратер. Вале чаро дурўғ гўйӣ? Ман ки шаборўз хуфта, осудаву бардам хестам...
Кратер завқ кард аз гуфтаи ў, вале шоҳ дарёфт, ки хандаҳои пешинаш нест.
— Сохта хандаат, Кратер.
— Оре, донам, ки сохта аст. Замони ханда набувад, аммо ба хотири шоҳ механдам. Дўстонамон ханда дар лаб шикастанд ва моро бе теғ куштанӣ шуданд.
— Осуда бош, Кратер. Дўстон дўст хоҳанд монд. Аз дўсти нодон беҳ бувад душмани доно. Дўсти нодон касро хоболуд мегардонад, душмани доно хоби касро мерабояд... Аммо ҳама вақт тезвиру ҳушёр бояд буд... Боз кӣ монд?
— Ба назари ман нақша иҷро шуда, амалиёт монда.
— Амалиёт кори саҳл набувад. Пирони кор, эътиқодмандон ва дўстони ҷониро бояд хонд.
— Магар монда, шоҳ?
— Магар...
— Бале шоҳ... Пирон ҷуз Лисимах намонда, дўстони ҷонӣ ангуштшумор монда ва эътиқодмандонро шинохта нашавад...
— Бояд бошад...
— Оре, пайдо хоҳад шуд. Чун фардо мурофиа ба миён ояд, ҳама душманон хешро дўст намоянд.
Шоҳ Искандар сар афшонд ва оҳиста баланд шуд аз тахт ва гом зад. Андешаманд, ки Кратер ҳеҷ гоҳ чунин надида буд. Шоҳ одати тез гуфтану тез амал кардан дошт, ҳолиё фикр мекунад ва маълум нест чӣ хоҳад. Кратер хаёл дорад, ки шоҳ гирифтори андешаи қатли дўстдушманон аст, аммо шоҳи мақдунӣ болову баландтар андеша дорад, ки ёрон пиндоранд:
«Рўзи сиёҳ ва саҳифаи нангини таърихи Мақдуниё ин аст.
Касе надонад ва таърих нанигошта, ки ба ин миқдор дўст дар як муддати кўтоҳ барои нафс, аз рўйи кину ҳасуд душман гашта бошад. Бале, касе ёд надорад ва пасовандон бояд биханданд...
Чӣ буду аз куҷо шуд? Шояд раҳиму нармдил будам ва саҳлангор шудам.

пешина
аз 411
навбатӣ