Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ай Зевси Барроқ, куҷойӣ? Ёру ёвар бишав писари худро! Ва агар на, бубахшой Искандари Мақдуниро, ки раҳм аз дил андохтааст. Биомурз... Ба гумони онҳо ман падари хеш Зевсро фаромўш кардаам ва худоёни ғайрро падар хондаам, аз ин рў мақдуниён ва юнониён ранҷида маро бегона донистаанд ва ҳамагон бар зидди шоҳи мақдунӣ ангехтаанд ва ситеза доранд.
Бигўю бифармо, Зевси тавоно, кадом писари асил падару модар ва халқу ватани хешро фаромўш кунад? Ман агар муддате бо Шарқу шарқиён даромехта бошам, бо онҳо соз гирифта бошам, муросокорӣ кардам ба хотири Мақдуниё... Вале ин «барбарҳо»
маро душман ва хоини ватан донистанд...»
— Мурофиаро набояд кашол дод, шоҳ...
Теғи алмосе буд, ки тори нозуки андешаи шоҳро бурид, вале ў нашунида ангошт ва аҳамият надод:
«... Мақдуниё беписар нест, беқаҳрамон нест; писарону қаҳрамонони бонангу боор дорад. Ҳар кадом омода ҳастанд ҷону тан фидо кунанд барои пойдории Ватан. Ва шояд ҷунбиши онҳо низ аз ин хусус бошад. Нофаҳмӣ шуд. Ман ҳам, онҳо ҳам барои Ватани хеш месўзем, аммо оинаи андудаи душман дигар чиз намоиш медиҳад... Кратер барин дўст низ намефаҳмад, ки ҳар лаҳза тору торчаҳои асаби маро бо теғи тез бибуранд, чӣ боқӣ хоҳад монд?...»
— А, Кратер, чӣ боқӣ хоҳад монд?!
— Чӣ хел чӣ боқӣ хоҳад монд?
— Хуб, мо машварат оростем... Ҳама душманонро куштем...
Боз душман пайдо шуд. Боз дарёфтему куштем... Боз ва боз...
Писарони душманон ба воя расиданд... Онҳо писардор шуданду ҳама қиссаҳоро ба писарон гуфтанд ва онҳо кина варзиданд ва...
ва чӣ шуд?
— Яъне шоҳ душманонро авф хоҳад кард?
— На. На, Кратер... Ман мисол гуфтам ва ояндаи дурро андешидам...
— Шоҳ ҳозирбин буд ва надонам, ки чунин андеша аз куҷо ба сари ў омад... Магар мор дар остин парваридан камоли хирадмандист?
— Ман донам, Кратер... Чунин андеша на камол дорад ва на оянда... Аммо баъзан ҳисси инсонӣ пирўз гардад бар ҳама гуна эҳсос ва кас аз Арасту андешад, на аз шоҳ Мидоси аблаҳ.
— Ман чунон дарёфтам, ки шоҳ хирадманд гашта ва мактаби Афлотуну Арасту кора карда шогирдро...
— Надонам, ки дар чунин вазъ чӣ гуна ин андеша ба сари ман омад ва дар ёди устоди некхоҳ шудам, ки сафари ҷанги Порсро маслаҳат надода буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо