Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Донам, ки маслаҳат нашуда буд, аммо ҷанги зидди Порс гузашт, шоҳ Искандар пирўз омад... Аз он чӣ дўсту душман чашм дошт, зиёд ва хуб шуд. Аммо инак чӣ бояд кард?
— Инак? Инак машварат бояд орост... Душманонро забун бояд сохт.
— Ман чӣ бояд бикунам, шоҳ?
— Магар нагуфтам, ки пирони кор, пирони ҳарб ва дўстон ва эътиқодмандонро хабар кунӣ?
— Гуфтам, ки намонда... Боз чӣ кор кунам?
— Фалах бикаш...
Кратер донист, ки ба танг омада шоҳ ва таъзим кард шарқиёна, то равад, аммо ба назари Искандар масхарабозӣ тофт. Ва чун Искандар ғазаб накарда буд, завқ бурд ва фармуд:
— Чоштгоҳ...
Кратер фаҳмид, ки замони маҷлисро муайян кард шоҳ, бо таъзим баромад аз дар.


Чоштгоҳ андар толори пазиро фаро омаданд касоне, ки шоҳ Искандар мехост. Пеш аз он ки шурўъ ба гуфтор кунад ё маҷлисро кушода хонад, ҳозиринро аз назар гузаронд ва дарёфт, ки зиёд касон нестанд, ки маҷлисҳои аввал ширкат меварзиданд.
Фикраш ба куҷоҳо рафт ва чун шоҳии хешро ба ёд овард: «ҳамааш ба хотири Мақдуниё... Як тан намонанд ҳам, бояд Мақдуниё бошад...» Хомўш аз назар гузаронд ҳамаро, вале аз мағзаш андешаҳои дигар мегузашт. «Ба ёди ононе, ки дар тўли роҳи дароз аз байн рафтанд, сари суҷуд андозед.» Гуфтанӣ шуд шоҳ, аммо забонаш нагашт. Балки бархост. Ҷиддӣ менамуд, ки ҳеҷ гоҳ набуд. Бархост. Гом зад. «Ҳамаатон чунину чунон. Ба онҳо низ бовар карда будам, чунон ки ба шумо. Рўшан шуд, ки одамӣ низ пўст мепартофтааст морвор. Аммо пўсти одамиро мор бинад ва пўсти морро одамӣ. Мор, мор... Пиндоштам ҳама чун ман барои Мақдуниё хидмат мекунад...»
Ва якбора андеша ба сухан гашт. Чун анъана маҷлису садру садорат накарда, рост сухан кард:
— Гумон доштам ҳама яктан барои Мақдуниёву Юнон ҷон нисор мекунанд, хато будааст пиндорам. Ҳамаро дўст дониста будам, саҳв кардаам. Ва душман шудани дўст душворие надоштааст.
Аммо ку душмане, ки дўст шавад? Ба фикрам ҳама дарёфтед, ки аз чӣ рў чунин гўям...
Садоҳо:
— Бале!
— Оре!
— Дуруст мефармояд шоҳ!

пешина
аз 411
навбатӣ