Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мусаллам аст андешаи шоҳ!
Ва шоҳ Искандар идома медиҳад андешаҳояшро: —...Ҳама роҳ андеша мекардам, ки рўзи сиёҳе ба сар меояд. Он рўз фаро расид.
Барои шоҳи мақдунӣ гаронтар ва сиёҳтар аз он рўзе набувад, ки дўст гардад душман. Гумон надоштам. На! Фикр намекардам, ки бародари ҳаминону ҳамрикобу ҳамхўроку ҳамроҳу ҳамхоби ман душман гардад маро. Хаёл надоштам, ки ҷондори ман дар қасди ҷони ман бошад. Инро ба кӣ гуфтан мумкин? Ба дўст? Ба душман?
Ба худиҳо? Ба ағёр? Намефаҳмам... Агар шумо фаҳмед, бигўед, ки чӣ маънӣ дорад ин ҳама?...
Ба ҷунбиш омад толор. Миш-мишу фарогўшиҳо фазои толорро пурсадо карданд. Вале касеро ҷуръат набуд, то садо баланд кунад. Шоҳ Искандар яқин мекарду тахмин, ки гўйишҳои пинҳонӣ ва ғайбиро такрор мекунанд дар буни гўши якдигар, вале намегўянд баланд аз бим, аз тарс ва ё хашми Мақдунӣ.
— Шумо натарсед аз касе, ҳатто аз шоҳ. Шоҳ одамхор нест.
Шоҳи мақдунӣ одил бувад, вале гоҳе ки ҳар чиз аз ҳаддаш гузашт, шоҳ нагузарад аз гуноҳ. Ман аз баҳри шумо ҳама корро кардам...
Барои шумо ва барои Мақдуниё... Шумо медонистед аҳволи мамлакатро, вазъу ҳоли мардумро... Машаққати мақдуниёнро.
Шумо медонистед хору залил гаштани ҳамватанонро. Шумо медонистед ба вом ғўтидани Мақдуниёро... Медонистед, ки ҳамроҳи ман омадед. Ба хотири Ватан омадед... Ҳолиё чӣ шуд?... Бале, шумо посух гуфта натавонед! Ман ба ҷойи ҳамаатон ҷавобгўй, ҷавобгар... Чӣ мефармоед?!
Касе чизе намегўяд. Ба назар дўстон муттаҳаманд. Устоди ҷуғрофӣ Лисимах сурфид. Искандар сўйи ў нигашт. Аз нигоҳаш рамуз гирифта, фармуд:
— Бигўй!
Лисимах гоме пеш гузошт ва гулў равшан кард:
— Дўстон! Ман ҷуғрофидон ҳастам ва аз таҷриба ва мушоҳидаҳо медонам, ки обу ҳавои ҳар кишвар дигар аст ва ба ҳар рўҳу равон мувофиқ наояд. Гиёҳҳо, рустаниҳо метавонанд заҳролуд гардонанд тани инсонро; мисолаш банги девона. Аммо сухан аз дигар боб бувад: ба беша оташ афтад, тару хушк баробар сўзад.
Ягон кас, ягон қонун ба касе ҳаққу ҳуқуқ надодааст, вақти хатар ба Ватан, ба модар, ба падар ё бародар хиёнат кунад. Ба вижа ба Ватан. Мо медонем ва ишора низ шуд, ки ба хотири хотирҳо ва ба умеди умедҳо бародар сари бародар меорад. Ба чӣ хотир?
Шоҳро интихоб кардан имкон дорад, зару зеварро пайдо кардан мумкин... аммо бародари куштаро аз куҷо пайдо мекунӣ. Дар тўли роҳ ва сафари бардавом донистам, ки бародаркушӣ расм шудааст. Чӣ диданд онҳое ки сари бародар оварданд? Шоҳи мақдунӣ набояд бахшад чунинонро! Мо набояд гузашту раҳм кунем ба чунин саръиён! Онҳо васвасаи шайтонӣ доранд. На ҷоеро обод мекунанд ва на худ обод мешаванд.

пешина
аз 411
навбатӣ