Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Шумо мушоҳиди чунин саҳна будед...
Гефестион: — Устод дуруст мегўяд!
Клит: — Устод аз номи ҳама сухан гуфт. Ба ақидаи ман: агар кас як бор одам кушад, бори дуввум ҳазар накунад. Одамкушӣ ба назараш гунҷишккушӣ тобад.
Кен: — Сухан аз одамкушии як тану ду тан нест. Сухан аз сўиқасди оммавӣ меравад. Аз хидмати хирсонаи «дўстон». Дўстонро чӣ шуд, ки чунин хиёнат пеша карданд?
Шоҳ: — Ин суол кирост, Кен? Магар ман посух гўям?
Кен: — Рой шоҳрост... Ман мисол гуфтам. Ҳамагон донанд, ки...
Шоҳ: — Бале, донанд ҳамагон, ки миёни сипоҳи Искандари Мақдунӣ хилоф афтода. Кист раҳбару раҳнамои ин кор, бояд дарёфт. Баъзе чизҳо рўшан гашта, вале то охир нарасида. Мо бояд ин чизро муайян кунем ва ба шўрои низомӣ бисупорем, ки масъаларо ҳаллу фасл гардонад. Ман аз пеши худ наметавонам ин мушкилотро ҳал кунам. Шумо чӣ мефармоед?
Кратер: — Рафтори оқилона бувад. Масъалаи хиёнат дар шўрои низомӣ дида шавад ва сарвари шўро шоҳ Искандар бояд бошад. Ҳама мувофиқанд?
Ва ҳамин зайл қарор шуд. Фардо артиши мақдуниву юнонӣ саф орост андар лашкаргоҳ. Лашкаркаши беназир Искандар савори Бусефали сиёҳ пешорўйи сипоҳ гузашт ин тарафу он тараф.
Ҳама росту сарбаланд истода рў ба шоҳ меоварданд. Ҳар чӣ дар андарун доштанд, ба рў мезад, аммо Искандар ба ҳазор нигоҳ ҳамаи онро пай бурдаву яқин карда наметавонист. Медонист, ки сарсупурдагон низ ҳастанд ва ҳолиё, ки пеши онон сухан меронад, ҳамаро яксара сиёҳ нагардонад. Ў нигоҳ намекунад ба ононе ки даст баста ба пушт ва сархам, ҷудо аз саф бузони гаргинро мемонданд, ки ҳазар доранд барои ба рама ҳамроҳ кардан. Иоллаи базморо он ҷо – пури амини Мақдуниё Антипатр, ки Искандар чун пайгири хеш андар ватан гузошта омадааст. Аминта сарфавҷи пиёдагардон, Файлотус – пури сипаҳсолор Пармониён, ҷондорони шоҳ Деметрий, Диоксен, инчунин наздикон – Певколай, Никонори бародари Файлотус, Афобет, Археполис мурғони сармозадаро мемонданд. Миёни онҳо Аминта ҳушёр медошт хешро ва тан ба хиёнаткор будан намедод ва Файлотус андаке ҳайратзада метофт, дигар ҳама мурғони ба об афтода буданд. Баъзеҳо меларзиданд ҳам. Иоллай истода-истода меларзид. Яқин шарманда буд, дўш чӣ мегуфт дар ҳаққи шоҳу лашкари ў ва ҳолиё дар чӣ ҳол аст.
Никонор сар андохта буд, касеро дидан намехост ва аз касе ҳарфе шунида посух гуфтанӣ набуд. Як хел андеша мекард: «Александр ва Лимн рафтори дуруст карданд. Ҳамчунон бояд мешуд, аммо ман дер мондам...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо