Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар чанд бор гузашт аз наздики фавҷҳо. Ба назар чанд бор шумурд, ки кӣ мондаву кӣ ронда. Ва ё чеҳрашиносӣ мекунад, ки боз кӣ монда миёни сипоҳ, аз душманон. Ҳар гоҳ, ки аз назди саф мегузарад, дили бархе аз афсарону сарбозон меларзад ва хун аз рухсорашон мегурезад. Аммо шоҳ ба ин ният инони Бусефали рамузфаҳмро намегардонад, балки хуб нигарад ба онон, ки чӣ рўе доранд. Ва шояд буғзгирифтагон, кинаварон, бадхоҳон аз дилтангӣ ба ҷон омада ба рикоби ў дарафтанд.
— Боз кӣ?!
Садо дардод рўёрўйи артиш. Вале касе чизе нафаҳмид. Шаш ҳазор нафар сипоҳиёну корвониён ва хидматгузорони ба майдон омада хомўш буданд. Чунон ба назар менамуд, ки хаймаҳои рў ба рў ба ҷонашон тангӣ карда ба майдон омаданд ва ин ҷо низ тангу дилгир ва силсилаи кўҳҳои самти шимол пеши бодро мегардонад, гармои Ориёно ҳаворо вазнин гардонида. Дуди ошхонаи шоҳӣ мебарояд, аммо аз мўрии матбахаи лашкархусб на дудеву на оташ. Гўё имрўз сипоҳ рўза медорад...
— Боз ҷони кӣ тангӣ карда андар пўсташ?!
Назди сафи горди «Дўстон» ва ҷондорони боқимонда садо баланд кард шоҳ ва лигом зада, аз назди сафи саворон гузашта пеши фавҷи пиёдагон омад ва боз гуфт:
— Боз ҷони кӣ тангӣ карда андар пўсташ?
Сарбозони нооғишта ба корҳои сиёҳ арақолуд шуданд зери либоси низомиёна, вале наметавонистанд даст бизананд ба хориши узвҳо. Ҳама ишораи шоҳро пай бурданд, аммо касе лом гуфта наметавонад: на богуноҳу на бегуноҳ. Шаш ҳазор ҷон, ки лашкаргоҳи фароху муваққатиро пур карда буданд, гоҳ ба шоҳ менигаристанд ва гоҳ дуздида сўйи дастбастагон чашм мечарониданд.
Ва он дастаи ҳақиру гумроҳ ба чашми яке тобад, ба чашми ҳазор наменамуд, ки андар радаҳои пасин буданд. Ва онҳо нигаронанд, ки кай маросим ва мурофиаи суди ҳарбӣ оғоз меёбад. Ҳарчанд шоҳ Искандар худ ҳукми сазову ҷазои гунаҳкорони бегуноҳро набароварда мурофиаро ба суди ҳарбӣ вогузошт, қозиюлқуззот худи шоҳи мақдунӣ бошад.
Ў пешорўйи сипоҳ гузашт. Аз вазъ, ваҷоҳат ва нигоҳҳо ва сар фурў кашиданҳо хеле чизҳоро ба таври хеш дарку эҳсос кард ва баргашт ба назди минбар. Минбар низ ориятӣ буд чун Искандар андар ин кишвар. Пиёда шуд аз Бусефали қиргун, ки гўйӣ равған мечакид аз тораҳои мўяш. Саис пеш омада, ҷилав кашида бурд сиёҳмушкинро ва чун аз назди минбар дур шуд, пушти зин омад ва рафта паҳлўи асби Кратер қарор гирифт. Кратер низ аз пушти зин зер омада, инони асбашро ба саиси дигар дод ва равон шуд сўйи минбар; Гефестион, Клит, Кен ва чандин касон, ки наздик буданд Искандарро, инчунин ҷондорони бовафои шоҳ.

пешина
аз 411
навбатӣ