Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Андешаи ў чунин. Зеро дурандеш аст Искандар ва то ҳанўз аз касони фарзонаи торих касеро ёд нест, ки мисли Искандар дурўя ё дутарафа андеша кунад. Ба назари ў, куштани Оксафр аз даст додани бисёр чизҳост, ки номгўйи онро ҷуз Искандар касе надонад.
— Пеш аз ин ҳам маро дида будӣ? – ғайричашмдошти ў пурсид Искандар.
Оксафр гўё ба ёд оварданӣ шуда, дарозо нигарист ба сару рўйи Искандар ва сар ҷунбонида гуфт:
— Дида будам...
— Дар куҷо?
— Дар ҷангҳо... Дар канори рўди Граника, дар Йусус, дар Говгомол.
— Ва чӣ гуна ҷон ба саломат бурдӣ аз он ҷангҳо?
— Шаҳбоду Шаҳбол моро наҷот медоданд.
Искандар дар шигифт шуд ва абрў чин карда, китфон дар ҳам кашид ва пурсид:
— Кистанд Шаҳбоду Шаҳбол?
Оксафр сўйи асбаш нигарист ва фармуд:
— Асбонамон: ана он асби ман – Шаҳбол. Асби Доро Шаҳбод ном дорад.
— Асби ман Бусефал ном дорад. – ҳарфони ўро масхара пиндошта гуфт Искандар.
— Медонам.
— Медонӣ? Аз куҷо медонӣ?
— Магар дар рўйи Замин ҳаст касе, ки Искандару асби ўро надонад?
Искандар ба пурси ў посух гуфта натавонист, балки ба андеша рафт, ки чаро чунин гўяд ин мард? Магар ҷосус бувад, магар фиристода, магар аз пайи ҷони ў омада?
— Агар ҷойи модаратро гўям, меравӣ?
— Кадом писар ҷойи модари гумкардаашро донад, намеравад?
— Бисёранд чунин писарон... – гуфт Искандар ва хеле хомўш истод, ки аз ў чӣ ҳарф меояд. Чун ў низ хомўш буд, Искандар афзуд: — Аввал масъалаи ҷанозаи бародаратро ҳал кунем, пасон ҷойи модаратро хоҳам гуфт.
— Бошад. – кўтоҳ розигӣ дод Оксафр ва нигарон истод, то чӣ ояд аз шоҳи мақдунӣ. Искандар фармуд:
— Ту соҳиби мурда ҳастӣ. Ва ин мурда шоҳ буд: шоҳи Эрон, шоҳи Порс. Чунон ки шумо шоҳи шоҳон низ гўед – шоҳаншоҳ.
Аз ин рў ўро чун дигар сипоҳиён канори роҳ, сари бора ва ё доманаи бармолае гўронида, рўяш санге ё асоеро туғ бардошта нашавад... Ман гўри шоҳаншоҳ Курушро дидам, гўри Дориюши Аввалро дидам, мазори Анаҳито модари Сулаймонро дидам дар Эрон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё