Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бародари ту Дорои Саввум низ рутбаи шоҳаншоҳии Эронро дошт. – Зиёд гуфтанӣ буд Искандар, то аз Оксафр сухане бигирад. Ҳамоно ў хомўш буд ва месўхт дарун-дарун. Ба назари шоҳи мақдунӣ расид, ки ў машқ карда танҳо гиряро. Аммо барои обрўй кардан ва ё гўронидани мурда наандешидааст.
— Ростин бародари шоҳ Доро мешавӣ?
Чунин саволи Искандар Оксафрро як қад паронд ва тааҷҷуб карда, ба суол посух дод:
— Ман мункир наям аз бародари хеш. Ва гўрондани ў бар дўши ман бошад.
— Чӣ гуна?
— Шоҳона.
Ва Искандар ин замон дарёфт, ки хеле аз худ бурун рафта, бибояд, ки баргардад ба асли хеш. Ба шоҳии хеш. «Шоҳона»
гуфтани Оксафр ўро бедор карда ва дигар аз бародар чизе напурсида, амр кард:
— Ба гардунаи шоҳ Доро бубандед се асби сиёҳмушкин!
Се асби сиёҳмушкин оварданд, ки гўйӣ аз тори мўяшон равған мешорид.
— Анбару кофур бипошед мурдаро!
Ончунон карданд: шуста, озодаву ороста карда, либоси тоза пўшониданд ва Искандар ҷомаи зарбафти порсии ба рўйи мурдаи шоҳ Дорои Саввум андохтаашро дигар напўшид ва фармуд ба ҷасади ў пўшонанд. Ҳамчунон карданд. Баъд бар гардунаи шоҳии худи шоҳ Доро, ки дар он замону макон беҳтараш набуд, рўйи баргу буттаҳои ҳулба хобонида, пудинапўш оростанд, то нагандад аз гармо. Ва Искандар намехост, ки нигини шоҳии мўҳрдори ангушти миёнаи дасти рости шоҳ Дорои Саввумро низ ба ҳулбў пўшонанд. Шоҳи мақдунӣ чашм намеканд аз нигин.
Ҳарчанд Оксафрро канортар бурда бо ў пурсу посух мекард, дида аз ангуштарӣ барнамедошт.
— Танҳо мондӣ Оксафр, аз тухмаи Ҳахоманишиён? – пурсид Искандар дуртар аз гардуна.
— Оре, танҳо, – посух дод Оксафр ва дар овозаш ово шунида мешуд.
— Шоҳӣ хоҳӣ?
— На. – нимовоз ва ним ба ишораи сар фаҳмонд Оксафр.
— Чаро?
Ба чунин суоли кўтоҳ ва то ҳол дар бинои инсонӣ касе посухи пурра нагирифта бародари шоҳ Дорои Саввум низ ҷавоб гуфта натавонист ва ишора ба мурдаи чун шоҳи хуфтаи Эрон кард.
Искандар дарёфт маънии ишораи ўро, низ посух гуфта натавонист. Вале Оксафр пай бурда буд, ки чизе мехоҳад Искандар, аммо мушкилӣ мекашад. Мазмун, ба забони порсӣ намедонад чӣ гуна ифода кунад. Пас сўйи ҷанозаи шоҳ Дорои Саввум зеҳн монд ва дасти рости хешро пеш овард.

пешина
аз 411
навбатӣ