Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сахт расид чунин манзара ононеро, ки ҷояшон он ҷо буд – пасу паҳлўи минбар ва ҳолиё бастадаст: ҳайратзада, ҳасратолуд, болшикаста ва дилмонда аз зиндагӣ, сар андохта гоҳ – гоҳ зери абрў менигаристанд сўйи онҳое, ки хушбахт менамуданд. Нав нест ин ҳама; онҳо низ дар сафи шоҳӣ буданд замоне; замони наздик
– дирўз. Ҳолиё...
Ҳолиё андар замири Файлотус заҳрханда омад: «Бо Пармониён чӣ кард, ки бо мо кунад, бо шумо кунад?» Ва оне ҳамаи онҳоро ба ҷойи хеш дид; як-як фаровард ононро аз гирду атрофи минбар ва Искандарро низ ва холӣ, бекас, безеб монд минбар; иборат аз чаҳор чўби хушк. Ва якбора ҷон гирифт минбар ва ғулғула кард:
— Бузургони мақдуниву юнонӣ! Сипаҳбадон! Сипоҳиён! Мақсаду маънии нобаҳангом дар лашкаргоҳи бекарон гирд омадани моро шумо, албатта, аз дастҳои баста ва сарҳои каҷи он саггургон пай мебаред. Саги баднафсу бадгуҳар ба бўйи устухон аз баҳри соҳибу сагхонаву сагкоса гузашта бо гургон ҳамроҳ мешавад, ки озод, сарҳуй ва сер бошад. Зеро гургон мудом дунбаву гўшт мехўранд, вале устухонашро меафкананд. Барои сагони баднафс устухон дунба тобад. Рўзе мерасад, ки он саггургон, ки роҳу раста ва молхонаву оғили соҳибро хуб медонанд, роҳнамо шуда галаи гургонро ба дуздӣ меоранд, бехабар аз он ки соҳиби зирак зери мўриву рахнаву сагроҳаҳо дом ниҳода буд. Лоҷарам аввал роҳнамои кўр ба дом хоҳад омад... Ман ин тамсилро барои он гуфтам, ки миёни мо низ чунин сагони баднафси кўр кам нестанд. Нигаред ба он фалакзадаҳо!
Искандар аз сари минбар ишора ба гунаҳгорон кард ва сипоҳ низ гардан тофт он сў. Онҳо сархам буданд ва ҳар кадом иддаое доштанд. Ва хуб ҳам медонистанд, ки ҳазор даъво ва худсапедгардонӣ суде набахшад.
Искандар: — Инак биоваред онҳоро! Рў ба рў бикунед бо сипоҳ, шояд нашинохтаҳо низ бишиносанд.
Оварданд дастбастагонро. Сархам буданд. Файлотус табассум мекард. Аминта низ худро ҳушдору ҳушёр вонамуд мекард. Дигарон тарсу метофтанд ва анҷоми умрашонро нигарон буданд.
Искандар: — Ин ҷо раёсати пирони кор ва ҳарб ҳузур доранд, подошу кайфари амалу гуноҳу савоби сўиқасдчиён ба ихтиёри онҳо вогузошта мешавад. Ҳама мувофиқанд?
Садои ғалмағал омад. Посухи равшане нашуд. Боз шоҳ хитоб кард:
— Ҳар кӣ ҷонибдори балвогаронанд, гузаранд ба қатори онҳо!
Сипоҳ ба ҷунбиш омад. Искандарро воҳима пахш кард. Сўйи дўстон нигарист ва боз арз кард:
— Кратер кушояд сарриштаи бастаро!

пешина
аз 411
навбатӣ