Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Кратер: — Шоҳи мўҳтарам! Сипаҳсолору сипаҳбадон ва сипоҳиён! Имрўз рўзи нангини сипоҳи мақдуниву юнонӣ ба шумор меравад. Бародар душмани бародар. Сарбоз бадхоҳи сипаҳбад, сипаҳсолор дар қасди ҷони шоҳ. Таърихи Мақдуниё ёд надорад чунин сўиқасдро. Қасд ба ҷони шоҳи ҷавону оламгир! Ман ҳар кадоми онҳоро номбар намекунам. Онҳо пеши назари шумо. Ва ин кина нав нест. Ҳанўз дар маъбади Аммони Миср дар замири баъзеҳо ин буғз омосида буд ва он омос бузург гашту кафид ва дигаронро сироят кард. Сипаҳсолор ва писарони ў аз он соат кина гирифта буданд, ки...
Файлотус: — Баҳ-баҳ!
Кратер: (Сухан идома дода.) — Дидед! Шоҳид шудед? Боз механдад...
Файлотус: — Бояд хандам ба ҳоли ту барин косалесон! Ба ту ҷойи Пармониён лозим буд. Ба ҳазор дасиса ўро бадном карда ба сараш об рехтӣ ва сипаҳсолор шудӣ. Боз чӣ мехоҳӣ? Ҷойи ман лозим аст? Бигир! Ба шоҳ наздиктар шав! Рўзе ў хоҳад донист, ки ту кӣ ҳастӣ! Ҳолиё ту шахси аввал барои шоҳ! Вазири дасти рост!
Сари касеро хоҳӣ бо дасисаву морбозӣ бихўрӣ...
Кратер: — Кӣ туро фармуд, ки чунин носазо гўйӣ?
Файлотус: — Он ки туро...
Искандар қасдан намебурид сухани онҳоро, то гўянду ҳувайдо гардад асрори ниҳон.
Кратер: (Рў ба шоҳ оварда.) — На! Касе туро сухан надода.
Сухани вопасинро нигарон бош!
Файлотус: — Ҳаҳ-ҳа! Дидӣ чӣ гуна худро фош мекунӣ? Аллакай донӣ, маро чӣ дар пеш аст. Ман донам, ки гуноҳе надорам ва сўиқасди шоҳро надорам. Ин ҳама бофтаи туст. Ва ту хоҳӣ, ки бо дасти шоҳ баддидаатро аз миён бардорӣ ва ҳокимият кунӣ. Вале ман нагузорам! Ба сипоҳ рў меорам, ки агар ман гуноҳе дорам ё сўиқасд ба ҷони шоҳ кардаам, гўянд, то кайфар барам!...
Аминта: (Зўр зада, ҳаракати кушодани дасти бастаро карда.)
— Дастони маро кушоед, ман худам сари ўро гирам. Ў ҳамаро ба пой хезонд. Ман аз забони Лимну Никомах чунин қасдро шунида, огоҳашон кардам, ки чунин корро накунанд, онҳо гўш накарданд.
Агар ба сухани ман бовар намекунед, бародари Никомах Кебалинро биоваред, ки ў донад ҳама сирру савдоро. Ў донад киҳо оғуштаанд ба чунин зардоб...
Файлотус: — Бигўй, туро озодӣ бахшанд!
Искандар: — Биоваред Кебалинро!
Кебалини тарошидамўйро оварданд ва паҳлўи Аминта гузоштанд. Кебалин нигарист ба сўйи сарфавҷи хеш. Аминта ҳоло низ ўро сарбози фавҷи хеш дониста ба ишораи сар фармуд: «Бигўй!»
Кебалин ба ишораи ў аҳамият надод ва сўйи шоҳ нигашт.
Шоҳ: — Ростанд суханони Аминта?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо