Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Кебалин: — Ман ростиву дурўғии суханони ўро муайян карда
наметавонам. Файлотусро ягон бор надидаам, ки бо онҳое ки дар ин масъала сар мекафониданд, ҳамроҳ бошад.
Шоҳ: — Масалан бо кӣ?
Кебалин: — Масалан бо Лимн, бо Никомах, ки назди ман омада буданд...
Шоҳ: (Маврид ёфта) — Ва ту барои чӣ сари бародарро гирифтӣ?
Кебалин: — Барои он ки онҳо мехостанд ман ҳама корро
кунам. Бавижа сари шоҳро барои онҳо орам. Ва ман сари бародарро барои шоҳ овардам...
Шоҳ: — Барои чӣ?
Кебалин: — Ба хотири Мақдуниё!
Ҷунбиш шуд миёни фавҷҳо. Баногўшӣ низ зиёд буд.
Шоҳ: — Ва дигар ҳеҷ касро надидӣ, ки бо онҳо ҳамроҳ буд?
Кебалин: — Буданд, вале номашонро намедонам ва намешиносам. Онҳо дар торикиҳо меистоданд ва ман намедидам.
Шоҳ: — Аминтаро чӣ? Ўро хуб мешиносӣ ва номашро медонӣ.
Надидӣ?
Кебалин: — На. Надидам... Шоҳ, агар иҷозат бошад як чизро пурсам?
Шоҳ: — Бифармо!
Кебалин: — Аминта дўсти шумо буда ва ҳамин сўиқасдро дониста. Пас чаро шуморо огоҳ накарда аз чунин хавф?
Шоҳ: — Ба ин пурс худи ў бояд посух гўяд.
Аминта: — Гуфтанӣ будам. Хуб омўхта, пасон гуфтанӣ будам...
Дер кардам.
Шоҳ: — Шояд тарсида бошӣ?
Аминта: — Аз кӣ метарсам?
Шоҳ: — Шояд аз ҳамфикрону сўиқасдчиён?
Аминта: — На. Ман ба ҷуз аз шоҳ аз каси дигар ҳарос надорам.
Ин ҳам ба хотири он ки шоҳро ниҳоят эҳтиром мекунам.
Шоҳ: — Ташаккур барои эҳтиром, вале ман гумон мекунам, ки Аминта анҷоми гуфтугўро нигарон буд.
Аминта: — На, шоҳ. Чунин гумон накунед...
Шоҳ: — Инро ман нагуфтаам, худат гуфтӣ. Медонистӣ, гуфтанӣ будӣ, дер кардӣ. Ман намедонам дигарон чӣ фаҳмиданд, ман чунон фаҳмидам, ки гуфтам... Иоллай чӣ мегўяд?
Иоллай: — Ҳамон мегўяд, ки дар базмҳо мегуфт.
Шоҳ: — Ман низ мисли ту дар ҳайратам, ки чаро дар базмҳо сухан дигару дар ғайб дигар?
Иоллай: — Ман дар ғайби шоҳ чизе нагуфтаам ва нагўям. Зеро донам, ки сухан аз даҳон набаромада ба шоҳ расад.
Шоҳ: — Бале, Иоллай, ҳамааш расид... Аммо ман ҳайрон, ки туро чӣ алам расида? Падарат ба ҷойи ман амини кишвар бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо