Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худат гули сари сабади базмҳои шоҳӣ бошӣ. Чӣ норасойӣ доштӣ?
Иоллай: — Норасойӣ надорам, шоҳ. Вале душман дорам. Онҳое ки худро ба шумо дўст мегиранд, аввал душмани шумо, баъд душмани мо.
Шоҳ: — Бигўй, ки бо Филота ва Аминта чӣ аҳду паймон доштед?
Иоллай: — Ҳеҷ аҳду паймоне надоштем, шоҳ. Ҳатто ҳамсўҳбат набудем.
Шоҳ: — Аминта баракс мегўяд. Гўё роҳбару роҳнамо, каси сухандон ту ҳастӣ.
Иоллай: — Дурўғ! Дар ин бора фикр ҳам накардаам...
Шоҳ: — Магар ҷондорони ман дурўғ мегўянд?
Иоллай: — Ҷондорҳои шоҳ, ки хиёнат карда метавонанд, чаро дурўғ нагўянд?
Шоҳ: — Ту аз куҷо донӣ хиёнати онҳоро?
Иоллай: (Танг омада) — Ман? Ман аз гуфтаҳои кунунии шоҳ...
Деметрий: (Худдорӣ карда натавониста.) — Ў донад, шоҳ!
Ҳамаро ў ташвиқ кард ва ба ин бало гирифтор намуд.
Сипоҳиён: (Ба шўр омада.) — Сар гиред ҳамаи ин хоинонро!
Садо аз фавҷи пиёдагон: — Моро супоредашон!
Садо аз фавҷи саворон: — Ҳама гуноҳро ба сари шоҳ мезананд.
Хоини Ватан инҳо будаанд!
Шоҳ: (Ба онҳо рў оварда) — Чӣ гуноҳро ба сари шоҳ мезананд?
Садо: — Гўё шоҳ аз баҳри Мақдуниёву мақдуниён баромада, мулкҳои бегонаро мулки хеш хонда.
Садои дигар: — Худои кофиронро худои худ дониста!
Шоҳ: — Душман бурҳони муттаҳам кардан наёбад, «думи сагаш каҷ» гўяд! Шумо бовар кардед ба чунин дасисаҳо! Мо ба чунин рўз афтодем! Дўст душман шуд!
Дигар садое наомад. Шоҳ Искандар нигарист ба ду паҳлў шояд касе чизе бигўяд. Ҳама хомўш буданд. Кратер бештар сиёҳ карданӣ буд Файлотусро, даҳяки ба шоҳ гуфтаро ҳоло нагуфтааст. Аммо аз баъзе дурўғҳо виҷдонан шарм мекунад ва медонад, ки хоки дурўғ сабук аст, зуд бод хоҳад парронд. Ба Гефестион нигарист Кратер. Гўё нақшаи кашидаашон дуруст мерафт.
Гефестион: — Ман ҷонибдорӣ мекунам андешаи Кратерро ва баъзе гуфтаҳои Аминтаро, ки саркори ин вайрониҳо Файлотус бувад. Ҳама донанд муроди ўро, ҳатто шоҳ Искандар донад, вале аз хоксорӣ ва шарм гуфта натавонад. Файлотус ҳама чизро ба даст овардааст, ҳатто доро шуда, сари саворон гашта. Танҳо монда, ки шоҳи Мақдуниё гардад. Омодагӣ барои ин аст. Хешро аврангзеб медонад.

пешина
аз 411
навбатӣ