Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умед дорад ниқори падару бародарро гирад. Бародари ў Никонор низ ин ҷост. Шояд ў донад нақшаҳои бародарро?
Никонор: — Ман писари сипаҳсолор Пармониён ҳастам ва бародари Файлотус... Вале огоҳ нестам, ки бародари ман чунин ният дошта будаст. Шояд дурўғ бошад...
Шоҳ: (Ғазаб карда ва коғазпораеро афшонда.) — Ин низ дурўғ аст?! Номаи падар ба писарон – ба ту ва ба Файлотус дурўғ аст?!
Никонор: — Ман хабар надорам аз нома, шоҳ...
Шоҳ: (Бо ҳамон оҳанг.) — Агар хабар надорӣ, туро гўям, ки падари шумо менависад: «Ҳушёр бошед ва барои ҷойи аввал мубориза баред...» Ин чӣ маънӣ дорад? Мусобиқа?!
Файлотус: — Ман чунин номаро надидаам. Шояд кори душманон бошад... Агар рост ҳам бошад, падари мо ҷойи аввал гуфта шоҳро на, сипаҳсолорро дар назар дорад. Зеро ў бо сипоҳ сару кор дошт, на бо давлату ҳукумат. Агар ў навишта бошад, каси аввал дар сипоҳу ҷанг сипаҳсолор аст. Аз ин рў чунин маънӣ набарояд, ки сипаҳсолор барои нобудии шоҳ мубориза бурда, балки мо медонем, ки шоҳ барои нестии сипаҳсолор мубориза бурда.
Шоҳ: — Надонистам, ки то ин дараҷа нобакорӣ! Маро таъна занӣ, ки падари туро куштам!
Файлотус: — Пас кӣ кушт падари маро? Ман дигар чизи гум мекардагӣ надорам. Медонам, ки бо дасисаи ёронат Кратеру Гефестион маро нобуд хоҳӣ кард. Барои ҳамин ман аз касе муттаҳам нестам, чунон ки падари қаҳрамонам. Кратер ба хуни ман ташна ва ҳама дасисаву ғаммозӣ аз дасти ў меояд; Гефестионро ҷой лозим. Ў бояд сарфавҷи саворон бошад. Ба гумони ў дар ҷанг зиёдтар мерасад. Агар имрўз навбати куши ман аст, фардо аз они Гефестион хоҳад шуд. Баъд навбати Кратер, Кен ва дигарон... Чунон мапиндоред, ки ба Мақдуниё, ба Юнон зинда хоҳед баргашт... Ҳатто... ҳатто шоҳ.
Шоҳ: — Чӣӣӣ?
Файлотус: — Он чӣ шунидӣ! Вале ман дар ғурбат, дар марзи бегона хок шуданӣ нестам. Турбати маро ба Мақдуниё бифиристед!
Хитоб кард ў рў ба фавҷи савора оварда. Фавҷ ҷунбид. Асбон беқарор гаштанд, сайҳа заданд. Ба тани Файлотус мурғак дамид.
Сукут ба миён омад. Боз садои довар омад.
Шоҳ: — Кен! Ҳеҷ кас мисли ту хуб надонад хонадони Пармониёнро. Домод ҳастӣ. Чӣ гўйӣ дар ҳаққи онҳо?
Кен: — Бале, шоҳ, касе чу ман надонад ин хонадонро. Хонадони бошараф. Ҷанг мардони онҳоро дигаргун карда. Аз рўйи мушоҳидаам вақтҳои охир Файлотус дигар шуда: касеро писанд накунад. Ман ўро бегона на, хоҳаршў ҳастам. Боре барои як пула чиз қариб маро санг зада кушта буд.

пешина
аз 411
навбатӣ