Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худписанд, худхоҳ, носипос гашта. Ҷояш ояд, шоҳро ҳам фурўшад, Ватанро ҳам, артишу сипоҳро ҳам… Ин ҳарфи рост бувад.
1 Файлотус: — Баҳ-баҳ! Шоҳ аз ту дигар чиз пурсид, пошоҳ!
Ту шаф-шаф мегўйӣ. Ман рад мекунам он ҳама тўҳмате, ки дар ҳаққам мешавад. Орзу дорам, ҳама чун ман Мақдуниёро дўст дорад. Падарашро эҳтиром кунад. Барои мансаб накўшад.
Тире буд ба дили шоҳ Искандар. Ў пай бурд.
Шоҳ: — Ту ҳақ дорӣ, ҳама чизро рад кунӣ. Вале ҳақ надорӣ дигаронро таъна занӣ. Дигар ин ки далелу бурҳонро рад карда натавонӣ!
Файлотус: — Чӣ гуна далелу бурҳон?
Шоҳ: — Ғоз мадеҳ суханро! Хоҳаршўят низ гўяд, ки ташна ба ҳокимият ҳастӣ, ҷоҳу ҷалол хоҳӣ!
Файлотус: — Аз куҷо донад ў? Ман ки бо ў дар ин хусус яку ду накардаам ва бо ҳеҷ кас... Пас инҳо чунин ҳарфҳоро аз куҷо мебофанд?
Шоҳ хомўш монд. Ба гуфти худаш суханро бо Файлотус ғоз надода рў ба дигаре овард.
Шоҳ: — Ту бигўй, Деметрий, наздиктарин ҷондори шоҳ будӣ, ҷойи туро бисёриҳо орзу доранд; бигўй, ки онҳое ки аҳд карданд баъди се рўз шоҳро воруна хоҳанд кард, киҳо буданд?
Деметрий: — Ман надонам, шоҳ...
Шоҳ: — Донӣ! Бигўй, кистанд онҳо?!
Деметрий: — Ба назарам...
Шоҳ: — Назари ту моро лозим набувад. Яқин бигўй: кистанд онҳо?
Деметрий: — Ба хаёлам...
Шоҳ: — Туро гўям! Хаёл макун! Росту дониста бигўй!
Деметрий: (Ба гунаҳгорони паҳлўяш нигариста.) — Файлотус, Никонор, Лимн, Александри...
Шоҳ: (Сахт.) — Дурўғ магўй! Набоф! Фол набин! Онҳо се тан.
Касоне ки ту ном мебарӣ, дар он гуфтугў ҳузур надоштанд! Ҳайфи ман, ки ту барин садрўву садзабонро паҳлўи худ гирифта гашта будаам... Ҳолиё донистам, ки на ту маро ҳифзу ҳимоя мекардайӣ, балки ман туро ҳофизу ҳомӣ будаам. Дареғ! Шояд ман ба ёдат биоварам, ки кистанд онҳо?
Деметрий сар андохт. Шоҳ яқин кард, ки рўбоҳ ба дом омад.
Шоҳ: — Якеро ман ном бубарам, дигаронро ту бигўй... Деметрий...
Як қад парид Деметрий ва надонист, ки шоҳ ба ў муроҷиат мекунад ва ё дар радифи сўиқасдчиён ном мебарад.

  1. Пошоҳ – язна.
пешина
аз 411
навбатӣ