Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Деметрий: — Нафаҳмидам шоҳ...
Шоҳ: — Мусаллам аст; дар чунин ҳолатҳо бояд кар, кўр, гунг бошӣ... Хуб, ки ҳоло ту забон дорӣ. Ман якеро ном бурдам. Дигаронро бигўй!
Деметрий: — Никомах, Кебалин...
Кебалин: (Аз паси онҳо садо карда.) — Рўта сиёҳ накун! Ман аз мурдани худ хабар дораму аз чунин аҳду паймон на. Ман кай, дар куҷо бо ту дучор шудам, ки ба чунин паймон шарик гаштам.
Шоҳ номи туро мебарад. Пас ў донад шарикони дигарро! Вале ту чаро тўҳмат занӣ, дурўғ бофӣ? Нобакор! Ишора ба касоне мегўйӣ, ки ё нестанд ва ё танба сахташон омада!
Шоҳ: — Бале, ў рў сиёҳ мекунад, Кебалин. Ту ба ин кор дахле надорӣ. Агар он нафарон мард бошанд, худашон гўянд! (Хеле нигарон истод шоҳ. Аз касе садо наомад, афзуд.) Иоллай!
Деметрий латтаи ба об афтодаро мемонд. Мадори рост истодан надошт, афтид.
Шоҳ: (Эътибор надода.) — Кӣ мегўяд, шахси саввум кист?
Иоллай: — Аминта!
Шоҳ чизе нагуфта ғалмағал шуд миёни сипоҳ:
— Медонистем! Он кўрнамаки мансабхоҳро медонистем!
— Барои мансабу вазифа Файлотусро сиёҳ кард!
— Бояд ҷазояшро бигирад!
Аминта: (Худро ба замин зада, рост шуда, хешро софу пок нишон доданӣ мешуд.) — Дурўғ! Тўҳмат! Ў маро бад мебинад, қасос гирифтан мехоҳад!
Иоллай: — Дурўғ? Чихел дурўғ? Магар ин масъаларо ту ба миён наовардӣ? Деметрийро нагуфтӣ, ки ту наздиктарин каси шоҳ ҳастӣ, танҳо ту метавонӣ ин корро ба сомон расонӣ? Ту Аминта нестӣ? Магар ту шоҳ шуда маро сипаҳсолор таъйин карданӣ набудӣ? Бигўй!
Аминта: (Посухе дода натавониста.) — Туфу бар ту!
Иоллай: — Низ бар ту туфу!
Агар дастони онҳо кушода мешуд, шояд хурўсҷангро тамошо мекард сипоҳ.
Шоҳ: — Шўрои пирон ва сарони низомӣ қарор мекунад:
Деметрий аз вазифаи ҷондори шоҳ озод карда шавад! Ба ҷояш Биталомуси Мисрӣ таъйин карда шавад!
Ҳайрон шуданд ҳама. Масъалаи Аминта ҳал нагашта ва сўҳбати ин боб тамом нашуда шоҳ якбора қарори аҷибро эълон кард.
Деметрии афтида маҷоли хестан накарда тан ба тақдир додагӣ барин аз нав фурў рафт чун шикамбаи бодаш баромада. Гунаҳгорон донистанд, ки зиддияташон беҳуда бувад, шоҳ огоҳ аз ҳама сирру савдост. Деметрий хаёле аз фикр мегузаронд: «Озод кунад...
Накушад...» Ва ҳамаи бастадастон андар ин андеша буданд. Танҳо Файлотус медонист, ки раҳойӣ набувад ўро. Зеро сахт гирифта шоҳ Искандар, то тухмаву дудмони сипаҳсолор Пармониёнро барҳам занад.

пешина
аз 411
навбатӣ