Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Вале ҳоли Никонор чӣ мешуда бошад. Ҳанўз ў хонадор нашуда. Аз бародари дар сабқат мурда нишоне набуд. Аз худи ў духтар ҳасту писар нест. Анҷом чӣ бошад?
Файлотус: — Шоҳ бояд пай бурда бошад, ки чӣ тўҳматҳо бор кунанд ба сари хонадони Пармониён.
Шоҳ: — Магар инро касе пурсида аз ту?
Файлотус: — На. Ман гўям, ки бўҳтони рўёрўро чӣ гуна пазиранд лашкариён?
Шоҳ: — Осуда бош. Парво макун. Фарҷоми кор ҳама рўшан гардад.
Файлотус: — Дуруст, шоҳ. Аммо бештар вақтҳо шитобкорӣ ва беаҳамиятӣ пушаймонӣ орад.
Шоҳ: — Яъне шўрои ҳарбӣ ба қатли Файлотус қарор барорад ва баъд пушаймон шавад?
Файлотус: — На танҳо ба қатли Файлотус, ба бисёр масъалаҳо. Шоҳ маро душман мегирад. Аммо ман дўстона мегўям, ки атрофиён шоҳро бадном карданианд. Онҳо коре карданианд, ки сипоҳ яклухт рўй тобад аз шоҳ.
Шоҳ: — Магар бо сарварии писарони Пармониён ҳоло сипоҳ аз шоҳ рў натофта?
Файлотус: — Бе сарварии писарони Пармониён рў тофта.
Худи сипоҳ фаҳмида ҳамаро.
Шоҳ: — Чиро?
Файлотус: — Онро, ки шоҳи мақдунӣ шоҳи Порс шуда ва Мақдуниёро фаромўш карда. Ва аз ёд дода, ки модар низ дорад. Ва корҳо беҳуда. зари Порс то Мақдуниё нарасида ва агар расида, Антипатр алорағми шоҳ Искандар ҳамаро нобуд сохта ба баҳонаи балвои Спарта.
Шоҳ: — Ту дониву шоҳ надонад. Он чӣ падарат мегуфт, ту низ гўйӣ. Як мактаб. Мактаби зидди шоҳи мақдунӣ. (Рў ба боқимондаи горди шоҳӣ оварда.) Бардоредаш!
Ҳукми шоҳ воҷиб. Ҳамон замон бардоштанд Файлотуси бастаро. Никонор чизе гуфта натавониста ашк мерехт. Яқин буд, ки ўро мекушанд, ақаллан Никонор зинда монад. Ва гоҳе ки Файлотусро аз дигарон ҷудо карда мебурданд, ў бо гўшаи чашм танҳо бародараш Никонорро медид. Садои шоҳ боло шуд:
— Шўрои пирон ва сарони ҳарбӣ қарор мекунад: Файлотус пури Пармониён барои сарвариаш дар сўиқасди шоҳ пеши назари сипоҳ ба қатл расонда шавад! Фавҷи саворон, ки Файлотус онро сардор буд, ба ду қисм ҷудо карда шуда Гефестион ва Фалон сарвари қисмҳо дониста шавад!
Шўре бархост миёни сипоҳ. Саворон бо пиёдагон ба ҷанг омаданд. Шоҳ тарк кард минбарро. Савор шуд Бусефали болдорро ва шамшер биохт. Гўйӣ набарди Файлотус бо Аминта буд. Ва моҳест, сипоҳи Искандар бо душмане овард надорад, ҷангҳои дохилӣ, фикрӣ ва гумониву хаёлӣ меравад; оқибаташ пархошӣ худӣ бо худӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо